Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад

Декабрь 1, 2024 10:10

ДУШАНБЕ, 01.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обу иқлим дар ҳошияи видеоконференсия 3 марти соли 2021 пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон  карда шавад. Ин  пешниҳод  14 декабри соли 2022 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум бо пуштибонии 153 мамлакати аъзои Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсус пазируфта шуд. 

Мувофиқи ин қатънома, соли 2025 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад. Дар ин робита, 31 августи  соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025» аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор оид ба баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд Кумитаи тадорукот таъсис дода шавад. Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, ҳайати он  тасдиқ гардид ва нахустин ҷаласаи ҳайати он низ доир шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар чорчӯбаи ин конфронс Стратегия, Харитаи роҳ ва дигар санадҳои зарурии байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия гардида, тасдиқ мешаванд.

Бояд гуфт, ки зимни баргузории Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд, ки Тоҷикистон саҳми аввалини молиявии худро ба Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо мегузаронад. Тоҷикистон умед дорад, ки дигар созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд низ дар ин Фонд ҳисса мегузоранд.

Қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нави таърихӣ буда, бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Воқеият аст, ки Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ҷой гирифта, истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи калонтарини мамлакат — Ванҷях (Федченко)  солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифта, обшавии онҳо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Маҳз бо ҳамин  сабаб Пешвои миллат давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин ҳушдор медиҳанд.

Бинобар ин моро зарур аст, ки бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои обу ва иқлим ташаббускор бошем ва тамоми чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем.

Маҳмад САФАРОВ
мудири шуъбаи гидрометеорология,
ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсияи
«Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 1, 2024 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард