Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд

Декабрь 20, 2024 08:28

ДУШАНБЕ, 20.12.2024. /АМИТ «Ховар»/.   17-18 декабр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи «Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисод» аз ҷониби Минтақаи озоди саноатии Мокуи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар якҷоягӣ бо Институти байналмилалии конвергенсияи фарҳангҳо конфронс баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар конфронс муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров дар мавзуи «Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон» маъруза намуд.

Дар конфронс масъалаҳо вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон, иштироки фаъол дар намоишгоҳҳои ҳарду давлат, афзоиши ҳаҷми савдои хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияти васеи истифодаи роҳҳои транзитии мамлакат барои ворид шудан ба бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Декабрь 20, 2024 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад