17 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони Федератсияи байналмилалии футбол дар соли 2025 дохил гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхати доваронеро, ки соли 2025 дар бозиҳои байналмилалӣ ҳакамӣ мекунанд, нашр намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Шумораи квотаи ҳакамони Тоҷикистон нисбат ба соли 2024 аз 14 ба 17 нафар афзоиш ёфт.
Ба рӯйхати доварони байналмилалӣ аз Тоҷикистон 17 довар – 6 довари ФИФА, 8 ёвари довари ФИФА ва ду довари футзали ФИФА дохил мебошанд.
Ду довар – Гулмуроди Саъдулло ва Зуҳал Хуҷаназарова, ки ба рӯйхати видеодовари ФИФА дохил шуданд, ҳаққи доварӣ дар бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR пайдо карданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






