35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ободкорӣ вусъат меёбад

Январь 20, 2025 08:41

ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳми соҳибкорон сохтмони якчанд иншоот идома дорад.

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ҳоло сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57, ки дорои 16 синфхона ва ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдони варзишии ҳозиразамон барои хонандагони ин таълимгоҳ ва ҷавонони деҳа мебошад, бо маблағгузории соҳибкор Изатулло Руфъатов идома дорад.

Аз ҷониби соҳибкор Сангинбой Файзиев коргоҳи дуредгарӣ бунёд мешавад. Дар ин коргоҳ маҳсулоти дуредгарӣ, аз қабили дару тиреза ва ғайра истеҳсол шуда, даҳ нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Ҳамчунин ба ҷавонон ҳунари чӯбкорию дуредгарӣ омӯзонида мешавад.

Инчунин аз ҷониби соҳибкор Ансор Мирзоев фермаи чорвопарварӣ, ки дар он парвариш моли майда ва калон пешбинӣ шудааст, сохта мешавад.

Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ хонаи фарҳанги деҳаи Ёрӣ таҷдиду бозсозӣ ва дар ҳудуди саҳни он майдони Парчами давлатӣ бунёд мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Январь 20, 2025 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд