«Анор» сокинони Душанберо хушҳол намуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нав оператори мобилии «Анор» барои сокинони Душанбе ҷашни солинавӣ ташкил намуд. Бобои барфӣ ва Барфак бо кабриолети бошукуҳ ба ҳар гӯшаи пойтахт равона гардида, сокинонро бо фарорасии соли нав табрик намуда, туҳфаҳо ҳадя карданд.
Ҷашн аз субҳи барвақт назди маркази савдои «Садбарг» оғоз ёфт ва дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ идома ёфт. Сипас ҷуфти сеҳргар ба дигар маконҳои маъруфи шаҳр – боғҳо, бозорҳо ва марказҳои тиҷоратӣ-фароғатӣ, аз ҷумла «Душанбе Молл» ва Сиёма Молл» раҳсипор шуд.
Ба сифати туҳфаҳо ширкат ширинию туҳфаҳои хотиравӣ, кулчақандҳои брендшуда дар шакли логотипи «Анор», кружкаҳо ва кружкаҳои гарминигоҳдоранда, сертификатҳо барои рақамҳои тиллоӣ, гӯшмонакҳо, дастгоҳҳои нерудиҳанда ва дигар туҳфаҳо омода намуд.
«Ҳадафи иқдом он буд, ки ба сокинону меҳмонони Душанбе табъи идона бахшем ва онҳоро ба фазои муъҷизаҳои солинавӣ ворид созем. Ва ин ба мо муяссар шуд, табассуму хурсандӣ ва суханҳои миннатдорӣ ҳамсафари Бобои барфӣ ва Барфак шуданд. Соли нав – ин муддати кӯтоҳи муъҷизаҳост ва мо қарор кардем, сокинони Душанберо каме ҳам бошад ба олами муъҷизаҳо ворид созем. Чунин шакли иқдом барои ҷумҳурии мо хеле нодир аст. Мо мехостем, ки ҳар як нафаре, ки Бобои барфӣ ва Барфакро дар кӯчаҳои шаҳр вохӯрад, гармию ғамхориро эҳсос намояд. Ин ҷашн барои ҳамагон аст – аз хурд то калон. Одамон табассум мекарданд, моро пешвоз мегирифтанд ва дар ҷавоб бо фарорасии соли нав табрик менамуданд ва ин натиҷаи кори мо аст. Аз номи ширкати «Анор» ман мехоҳам ба ҳама сокинони ҷумҳурӣ муваффақият, беҳбудӣ ва дастовардҳои навро дар соли 2025 орзу намоям. Бигзор тарофаҳоятон ба шумо имкон диҳанд, ки дар соли нав ҳамеша бо азизонатон наздик бошед!»,- гуфт директори ширкати «Анор» Юрий Глушенко.
Оператори мобилии «Анор» муштариёни худро пайваста на танҳо бо алоқаи босифату тарофаҳои муфид, балки инчунин бо эҳсосоти хотирмон низ хушҳол месозад.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






