Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 29, 2025 15:32

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2025 №73
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Сафарзода Д.Ғ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сафарзода Дилшод Ғанӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2025 №77
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи
муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қиёмзода З.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қиёмзода Зарафо Суфиҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 январи соли 2025 №74
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи
муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шукурзода И.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шукурзода Исфандиёр Шукур муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Январь 29, 2025 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд
Ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Хатлон ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд