Ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ЁВОН, 11.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тафсир доданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон итилоъ доданд.
Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон аз мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бохабар гардида, иброз доштанд, ки Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём нисбат ба кормандони сохторҳои буҷетӣ ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии мамлакат рушд намуда, барои кормандон беҳтарин шароити корӣ муҳайё гардидааст. Беморхонаю марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардидаанд, ки ба сари вақт ташхису табобат кардани беморон ва шифо ёфтани онҳо мусоидат менамоянд.
Иброз гардид, ки тандурустӣ дар баробари дигар соҳаҳо дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хосса дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишора карда шуд, Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ ба ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ бо истифода аз ҳама имконият 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд. Соли 2025 дар мамлакат барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои тавзеҳ додани нуктаҳои асосӣ ва мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки фоъолону собиқадорон ва олимону кормандони сохторҳои давлатӣ силсилавохӯриҳоро бо кормандони сохторҳои давлатӣ, донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбии ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинони деҳот оғоз намудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат мебошанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мероси таърихиву фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ намуданд
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд






