Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи ҷашни Сада конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада таҳти унвони «Ҷашни Сада ва моҳияту арзишҳои миллии он» конференсияи илмӣ- амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар академия.
Зимни ифтитоҳи конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз нав эҳё намудани ҷашнҳои миллии тоҷикон тамоми кӯшишро ба харҷ дода, мақоми онҳоро то ба сатҳи байналмилалӣ боло бурданд.
Ҷашну маросими фарҳангию суннатӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи аҳли башар ба шумор мераванд. Маҳз ба туфайли пуштибонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯзи оламафрӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон дар сатҳи хеле баланд таҷлил мегарданд».
Тоҷикон аз зумраи миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаре ҳастанд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашонро новобаста ба фишори мафкураҳои ҳоким дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд. Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда, то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири руҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расид.
Иброз шуд, ки тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҳамин аст, ки барои эҳёи дубора ва ҳифзи ҷашни Сада маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳуриии фарҳангпарвари мо Сада расман ҷашн гирифта мешавад. Тоҷикистон ягона давлате аст, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.
Дар идомаи конференсия дар мавзуъҳои «Сада ҷашни мулуки номдор аст», «Таърихи ташаккул ва таҳаввули ҷашни Сада» ва «Ҷашни Сада- омодагӣ ба Наврӯз» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






