Дар Боку вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил брифинг доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар соли 2025 дар Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ дар шаҳри Боку брифинги Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, ки дар он роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, коршиносони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон авлавияти асосии раёсати Тоҷикистонро дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳо ва рушди институтсионалии Иттиҳод муаррифӣ намуд. Дипломати тоҷик иштирокдоронро инчунин бо муқаррароти асосии Консепсияи раёсати Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудаанд, шинос намуд.
Дар ҷараёни нишаст роҳбари Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ Фарид Шафиев, муовини якуми директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода, роҳбари Маркази таҳқиқоти Қафқози Ҷанубӣ Фарҳод Мамедов, директори Маркази таҳлилии «Strategic Consaltency Group» Рафиқ Исмаилов ва сафирони Федератсияи Русия ва Узбекистон дар Озарбойҷон вобаста ба мавзуъ ибрози назар намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






