Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд

Январь 27, 2025 16:31

ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва иҷрои супоришҳои маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ректори донишкада Сироҷиддин Ҷурахонзода иброз намуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ фарҳангро «ҳастии миллат» ва «асоси мавҷудияти ҳар давлат» арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.

«Дар замони истиқлоли давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат фарҳанги мардуми тоҷик пурра эҳё гардида, рушд ёфт, зеро Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг ҳамчун василаи муаррифии миллат ва асоси ҳастии давлат эътибори хосса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, таъкид гардид, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон даҳҳо мактаби ҳунармандон ташкил шуда, фаъолият доранд. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби санъат сохта, ба истифода диҳанд»,-гуфт Сироҷиддин Ҷурахонзода.

Муовини Вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода иброз дошт, ки «дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маориф ва илм чун самти муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои беназир ва роҳнамоию дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардида, соҳаи маориф ва илм дар рушду нумуъ мебошад. Президенти Тоҷикистон барҳақ таъкид намуданд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳама пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа додааст, зеро дар онҳо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад».

Таъкид шуд, ки илму маориф омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа маҳсуб шуда, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз фақат насли наврасу ҷавоне, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии ҷумҳуриро таъмин намояд. Вобаста ба ин, омӯзгорони донишкадаро зарур аст, ки барои боло бурдани сатҳу сифати донишу касбомӯзии донишҷӯён ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои  баланд бардоштани сифати таҳсил, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии насли ҷавони ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Январь 27, 2025 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид