Дар Душанбе доир ба мусиқии Шашмақом барномаи фарҳангӣ доир шуд

Январь 2, 2025 16:18

ДУШАНБЕ, 02.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар бахшида ба фаъолияти эҷодии Арбоби барҷастаи мусиқии мардумӣ ва суннатӣ, оҳангсоз ва ромишгар Шоҳназар Соҳибов таҳти унвони «Устоди беназири мусиқии Шашмақом» маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки Шашмақом, ки яке аз мусиқиҳои қадимӣ ба ҳисоб рафта, дар миқёси байналхалқӣ нуфузу эътибори хоссаро доро гардидааст.  7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

Дар рушду нумуи ин навъи мусиқӣ хизматҳои арзандаи Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев зиёд буда, онҳо «Шашмақом»-ро ба адвор (нота) гузаронида, дар нашри панҷҷилдаи он  иштирок кардаанд.

Шашмақом санъати қадимии халқи тоҷик буда, аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Устодони бузурги Шашмақом Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, ва Фазлиддин Шаҳобов ин санъати аҷдодиро ба адвор кашида, ба таври хаттӣ пешниҳод намуданд ва Шашмақомро аз нав зинда гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳназар Соҳибов ҳамчун оҳангсоз дар ҷумҳурӣ бо асарҳои жанри суруд ва хор машҳур аст. Ба ин асарҳо ҳамеша оғози барҷастаи навои саршор аз самимият, садоқат ва мустақилият хос аст. Такнавозии фортепиании ин асарҳо бо асолат ва мантиқи худ фарқ мекунад. Шоҳназар Соҳибов яке аз оҳангсозони маъруфи сурудсарои тоҷик маҳсуб шуда, сурудҳои ӯ ба таври устувор ба репертуари коллективҳо ва сарояндагони касбӣ ворид гардидаанд. Аз байни ин сурудҳо метавон «Дар ҳаваси рӯи ту» (шеъри Ҳилолӣ), «Шарқи озод» (шеъри Б.Раҳимзода) ва дигаронро номбар кард.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 2, 2025 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд