Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд

Январь 15, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси  Олӣ китоби мукаммалу санҷидашуда буда, дар он дастовардҳои ҳама соҳаҳои мамлакат ва вазифаҳо барои соли баъдӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, иҷрои нақшаю барномаҳои давлатӣ ва дар маҷмуъ боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат баён гардидаанд. Чунин гуфта шуд зимни ҳамоиш оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ», ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш таъкид шуд, ки  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси  Олӣ дастури доимӣ барои ҳар корманди соҳа мебошад, то вазифаҳои базиммагузошта сари вақт амалӣ гарданд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҷонибдории худро барои сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси  Олӣ иброз намуданд.

«Ҳама дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паём ба Маҷлиси  Олӣ дарҷ гардидаанд ва  уҳдадориҳои вазифавии худро сарбаландона иҷро менамоем»,- гуфта шуд дар анҷоми  ҳамоиш.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 15, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон