Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли кошин сохта мешавад

Январь 6, 2025 13:36

ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»  корхонаи истеҳсоли маҳсулоти  сохтмонӣ-ороишӣ (кошин) бунёд мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ  «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.

Чанде пеш вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Tilemaster investment Limited» -ро ба тасвиб расонданд.

Ҳадафи татбиқи ин санад ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ барои истеҳсоли маҳсулоти нави воридотивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави кор ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Тибқи созишнома, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои татбиқи ин лоиҳа беш аз 50 миллион доллари амрикоиро  ташкил дода, муҳлати сохтмони корхона якуним сол аст. Иқтидори истеҳсолиаш 12 миллиону  360 ҳазор  метри мураббаъ кошин дар як сол мебошад.

Ҳангоми ба фаъолияти  истеҳсолӣ оғоз намудани корхона зиёда аз 500 ҷойи кори доимӣ ва 1000 ҷойи кори ғайримустақим (сохтмон, таъминоти ашёи хом ва боркашонии маҳсулоти ниҳоӣ) таъсис дода мешавад. Дар марҳилаи аввал на кам аз 80 фоизи коргаронро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 6, 2025 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад