Дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳии Тоҷикистон хатари лағжиши тарма ва резиши сангу рег пешбинӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 08.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти пешакии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои нисбатан гарм боқӣ мемонад. Барфу борон ва ҳарорати аз сифр боло метавонад боиси лағжиши тарма ва резиши сангу рег дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳӣ шавад. Фаромадани туман дар субҳгоҳон низ аз эҳтимол дур нест, — хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кумита ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ронандагонро огоҳ мекунад, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя намоянд.
Пеш аз сафар омодагии мошинҳо бояд санҷида шуда, чархҳои тобистона ба зимистона иваз карда шавад. Ронандагон бояд дар мошин қуттии доруҳои зарурӣ дошта бошанд.
Бе телефонҳои мобилии омода ба сафар баромадан мумкин нест. Сокинони навоҳии кӯҳию наздикӯҳӣ дар чунин рӯзҳо зимни чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор ва моҳидорӣ бояд эҳтиёт намоянд.
Дар гарм кардани хонаҳо низ бояд аз эҳтиёт кор гирифт. Истифода аз печҳои дастсохти барқӣ хатар дорад. Ҳангоми истифода бурдани ангишт дар бухориҳо бояд қоидаҳои бехатарӣ пурра риоя шаванд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд






