Дар назди Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар Маркази шуғли фосилавӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар Маркази шуғли фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар ин марказ ба ҷавонони шаҳр имконияти шуғли фосилавӣ ва таҳкими малакаҳои рақамӣ пешниҳод мешавад.
Ҳадафи таъсиси марказ дар шаҳри Бохтар тавонмандсозии ҷавонон тавассути фароҳам овардани имконияти шуғли пурмазмун ва мусоидат ба рушди малакаҳои зарурӣ барои муваффақ гардидан дар бозори меҳнати кунунӣ мебошад.
Дар марказҳои шуғли фосилавӣ зиёда аз 7 ҳазор ҷавонон аз саросари Тоҷикистон ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Онҳо малакаҳои заруриро азхуд намуданд, то ҳамчун қувваи корӣ вориди бозори меҳнати рақамӣ гарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






