Дар вилояти Суғд бо собиқадорони меҳнат вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар вилояти Суғд барои хизматрасонии тиббии собиқадорон беш аз 200 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст. Аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани роҳхатҳо беш аз 162 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар давоми сол 56 нафар эҳтиёҷмандон дар осоишгоҳҳо саломатии худро барқарор намудаанд. Дар ин хусус зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо собиқадорони меҳнат иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар вохӯрӣ маълумот дода шуд, ки айни замон дар вилоят миқдори умумии нафақагирон 260 ҳазору 782 нафар буда, беш аз 12 ҳазору 450 нафарашон фаъолияти меҳнатӣ доранд. Аз ин шумора 302 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Изҳор гардид, ки ташкилоти собиқадорони вилояти Суғд 18 ташкилоти шаҳриву ноҳиявӣ ва 285 ташкилоти ибтидоии собиқадоронро муттаҳид менамояд. Имрўз бештар аз 2800 нафар фаъолон вазифаҳои ҷамъиятиро дар ташкилотҳои собиқадорон иҷро менамоянд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Иброз гардид, ки Шўрои собиқадорони вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намуда, дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар тарбияи насли наврас дар рўҳияи садоқат ба Ватану ватандорӣ, меҳнатдўстӣ, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ нақши шоиста мегузорад.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки собиқадорони вилоят дар рушди босуботи мамлакат, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу осоиштагӣ ва тарбияи маънавии насли фардосози миллат, яъне ҷавонону наврасон минбаъд низ саҳми намоён мегузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






