«Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва дастрас мегардад
ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва дастрас мегардад. Ин дастурамал аз 16 боб иборат буда, либосҳои тавсиявии он аз наврасони 7-сола оғоз мешаванд. Чунин посух дод ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Хуршед Низом вобаста ба нашри ин дастурамали тавсиявӣ, ки лоиҳаи он соли 2024 пурра анҷом ёфт.
Бояд гуфт, ки ба китоби «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки соли 2018 тасдиқ ва нашр гардида буд, иловаҳо ворид гардиданд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи лоиҳаи дастурамал аз ҳисоби олимон, коршиносон, тарроҳон ва рассомон ду гурӯҳи корӣ таъсис дод. Дар гурӯҳи аввал олимон барномаҳои маърифатиро дар расонаҳои иттилоотӣ тарғиб намуданд. Гурӯҳи дигар аз ҳисоби намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи дастурамалро таҳия намуд. Дар айни замон ба ин дастурамал баъзе ҷузъиёт илова шуда, он имсол нашр ва дастраси тамоми ҷомеа мегардад. Дастурамал танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад. Дар он пӯшидани либос дар кӯча, дар рӯзҳои истироҳат ва ҷашну маросим тавсия дода мешавад.
Хуршед Низом иброз намуд, ки тақлид ба либоси бегона ба арзишҳои фарҳангӣ бетаъсир намемонад. Имрӯз баъзеҳо аз рӯи ҳавою ҳавас либоси дигар давлатҳоро тақлид карда, иддаи дигар либосҳои ба фарҳанги мо бегонаро тарғиб менамоянд. Барои гирифтани пеши роҳи ин амалҳо мо бояд либосҳои миллиамонро пайваста тарғиб намоем.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






