Ҳикматулло Назиров: «Ҳосили фаровони дарахтон аз яхобмонӣ вобаста аст»

Январь 16, 2025 08:37

ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи январи имсола ҳаво рӯзона гарм ва шабона сард мебошад. Боғпарварон бояд дар зери дарахтон обмонии захиравӣ, яъне яхобмонӣ гузаронанд. Ин амал  намии дарахтонро дар фасли баҳор таъмин намуда, ба дер гул кардани дарахтон ва фаровон гардидани мева мусоидат мекунад. Чунин изҳор намуд доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба мухбири АМИТ «Ховар».

Инчунин дар натиҷаи яхобмонӣ шӯрии хок кам шуда, замин хубтар нам мекашад, микроорганизм ва ҳашароти зараррасон нобуд мегарданду замин истироҳат мекунад. Яхобмонӣ дар оянда — дар фасли гармо метавонад ба нашъунамои растаниҳо таъсири хуб расонад.

Ҳикматулло Назиров илова кард, ки агар хоҷагидорон  обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт  гузаронанд,  дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз менамоянд. Заминҳои лалмиро бояд шудгор ва  атрофи дарахтонро нарм намоем. Вақте ки барфу борон меборад, заминҳои лалмиро ҳатман барфпӯш ва онро зер намудан зарур аст.

Манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.

Ҳикматулло Назиров афзуд, ки корҳои   дигаре, ки иҷрои онҳо дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, ин башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ  мебошад.

Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, он шуруъ аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2025 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид