Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст

Октябрь 8, 2026 14:45

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ,  дар ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 325,4 тонна пилла истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025   139,4 фоизро ташкил медиҳад.

Пиллапарварӣ яке аз шуғлҳои қадимтарин ва соҳаи сердаромаду афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ нақши созгор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд».

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ», ҳамасола воридоти тухми кирмак аз пардохт аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 қитъаҳои замине, ки барои тутзор истифода мешаванд, бо андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ андозбандӣ карда намешаванд. Тибқи ин қонун аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 шахсони ҳукуқие, ки ба коркарди пилла, матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии аз он истеҳсолшаванда машғуланд, аз рӯйи ин намуди фаъолият андозбандӣ карда намешаванд, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ.

Кирмакпарварӣ ба мисли дигар соҳаҳои кишварзӣ дар мамлакат мавқеи асосӣ дорад. Асоси пилларо нахи он ташкил медиҳад. Он нахи абрешиме, ки аз пилла гирифта мешавад, аз дигар нахҳои табиӣ фарқияти калон дорад. Фарқияти он дар мустаҳкам будани нах, хусусияти ёзишхӯрии он, намнокиро ба худ нагирифтану гармиро ба худ гирифтан ва қувваи барқро нагузаронидани он зоҳир мегардад. Инчунин аз нахи абрешим зиёда аз 330 номгӯй маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Ба таҳлили коршиносон, кирмарпарварӣ яке аз соҳаҳои бепартов дониста мешавад, зеро барги туте, ки ба кирмак медиҳем, шохаҳои он дар хонадон минбаъд чун сӯзишворӣ истифода бурда мешаванд. Инчунин он чизе, ки кирм истеъмолу коркард карда, азхуд хориҷ менамояд, дар таркиби худ зиёда аз 9 фоиз нитроген дорад ва дар соҳаи растанипарварӣ ҳамчун нурии минералӣ истифода мешавад. Вақте ки пилла коркард карда мешавад, баъди истифодаи пилла зочаи он боқӣ мемонад, ки он чун хӯроки серғизо дар соҳаи чӯҷапарварӣ ва моҳипарварӣ истифода мешавад.

Рушди соҳаи кирмакпарварӣ аз тухмии хушсифат, сари вақт тақсим намудани кирмак, риояи технологияи парвариш вобастагӣ дорад. Инчунин яке аз омилҳои асосии зиёд гардонидани маҳсулот ва баланд бардоштани сифати он ба обу ҳавои маҳал ва ғизонокии барги тут марбут мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Октябрь 8, 2026 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд