Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ки аз 4 то 5 октябр доир гардид, дар деҳаи Сомониёни деҳоти Зафари ноҳияи Фархор ба хотири рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Фархор» баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд.
Таъмиру навсозии корхонаи коркарди пахта бо ташаббус ва сармоягузории соҳибкор Раҳмон Азимов ба анҷом расонида шуд. Корхона дар 2,5 гектар ҷойгир буда, баъди навсозӣ иқтидори истеҳсолӣ ва имконоти коркарди ашёи хоми он васеъ гардид.
Рушди саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси ҷойи нави кор аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб мераванд. Ноҳияи Фархор дорои имконияти васеи кишоварзӣ, ба хусус дар самти пахтакорӣ буда, амалӣ намудани коркарди пахта дар дохили ноҳия барои зиёд намудани арзиши иловагии маҳсулот, рушди соҳаи саноат ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Корхона зиёда аз 80 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин менамояд. Ба масъалаи ҷалби занону духтарон ба фаъолияти меҳнатӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад. Зиёда аз 20 корманди корхона занону духтарон буда, дар пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар тобеияти корхонаи коркарди пахта кооперативи тиҷоратии «Шамшод» фаъолият дошта, бо мақсади таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии хушсифат дар 200 гектар навъи пунбадонаи ба шароити иқлими минтақа мутобиқро кишт намудааст. Ташкили чунин фаъолияти истеҳсолӣ барои таъмини кишоварзон бо тухмии хушсифат, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ аҳамияти муҳим дорад.
Иқтидори солонаи корхона ба 16 ҳазор тонна пахта баробар буда, имконият дорад дар мавсими ҷамъоварии ҳосил маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзони ноҳия ва минтақаҳои атрофро қабул ва коркард намояд. Дар айни замон қабули ҳосили имсолаи пахта дар корхона идома дошта, то имрӯз 330 тонна пахта қабул гардидааст. Корхона ба ғайр аз пахтаи дар ноҳияи Фархор истеҳсолшуда ашёи хомро аз ноҳияҳои атроф низ қабул менамояд. Ин ба сари вақт ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди пахтаи истеҳсолшуда мусоидат мекунад. Ба иттилои масъулин, то имрӯз дар корхона 2200 тонна пахта коркард гардида, 750 тонна нахи соф истеҳсол шудааст.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти корхона коркарди маҳсулоти иловагии пахта мебошад. Дар ҳудуди корхона коргоҳи равғанбарорӣ фаъолият дошта, аз пунбадона, ки маҳсули коркарди пахта мебошад, равғани растанӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи коргоҳи равғанбарорӣ 1800 тонна пунбадонаро ташкил медиҳад.
Фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва равғанбарорӣ имкон фароҳам меорад, ки ашёи хоми воридшуда самаранок истифода ва аз он маҳсулоти гуногуни саноатӣ истеҳсол карда шавад. Ин раванд ба рушди коркарди ашёи хоми ватанӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти коркардшуда мусоидат менамояд.
Мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Фархор» дар заминаи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат ва дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ амалӣ шуда, барои таҳкими иқтидори саноатии ноҳияи Фархор аҳаммияти хос дорад. Фаъолияти корхонаи коркарди пахта дар дохили ноҳия имкон медиҳад, ки ашёи хоми истеҳсолшуда дар минтақа коркард ва арзиши иловагӣ ба вуҷуд оварда шуда, занҷираи истеҳсолии «Ашёи хом-коркард-маҳсулоти тайёр» тақвият ёбад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






