Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 10:00 ва дар Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 11:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 14:00 дар Вазорати кишоварзӣ доир мегардад.
Дар Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ соати 15:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соати 08:00 ва дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соати 10:00 доир мегардад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд






