ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров токзори нав бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боғи токи хавозавӣ бунёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Роҳбарияти вилояти Суғд бо ҷараёни бунёди боғи токи хавозавӣ шинос шуд. Зимни суҳбат бо деҳқонон иброз гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад. Саҳми кишоварзон, аз ҷумла боғу токпарварон дар таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас аст.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 ҳазору 300 гектар боғу токзор мавҷуд мебошад, ки аз он 3 ҳазор гектарашро ангурзор ташкил медиҳад. Соли 2024 хоҷагидорони ноҳия зиёда аз 13 ҳазор тонна ангур истеҳсол ва пешниҳоди сокинон намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки таҷдид ва бунёди токи хавозавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷумлаи иқдоми шоиста буда, дар ин раванд дар минтақаи Сомғор бунёду барқарорсозии 40 гектар токзор ба нақша гирифта шудааст.
Соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Расулзода низ тасмим гирифтааст, ки дар 8,5 гектар мавзеи ин минтақа токзори хавозавӣ бунёд созад. Зеро тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, бо усули хавозавӣ бунёд намудани токзор имкон медиҳад, ки ҳосилнокӣ чанд маротиба бештар гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд






