Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2024» интихоб гардид

Январь 15, 2025 09:36

ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни «Беҳтарин андозсупорандаи сол»-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»  «Андозсупорандаи  беҳтарини соли 2024» интихоб гардид.  Дар ин хусус   АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»  хабар медиҳад. 

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо мақсади қадршиносии андозсупорандагони фаъолу пешсаф ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо озмуни «Беҳтарин андозсупорандаи сол»-ро ташкил менамояд. Дар он беҳтарин андозсупорандагон бо «Ифтихорнома» қадрдонӣ карда мешаванд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар пардохти саривақтии боҷи давлатӣ фаъол буда, тавассути  иҷро намудани қонунгузории андоз дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»  солҳои 2018, 2019 ва 2022 низ андозсупорандаи беҳтарин интихоб гардида буд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Январь 15, 2025 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад