Лондон аз рӯи танбашавии нақлиёт байни шаҳрҳои Аврупо дар ҷойи якум қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати таҳлилии нақлиётии Inrix таҳқиқот анҷом дод, то муайян намояд, ки соли 2024 дар кадом шаҳрҳои Аврупо танбашавии зиёди нақлиёт мушоҳида шуд. Натиҷаҳои ин таҳқиқотро нашрияи «The Guardian» нашр намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Иттилоъ дода шудааст, ки Лондон дар садри раддабандӣ қарор дорад: ронандагон дар пойтахти Британияи Кабир ба ҳисоби миёна 101 соатро дар танбашавӣ сарф намудаанд, ки нисбат ба як соли қабл 2% зиёд аст. Дар шоҳроҳи “A40 Westway”-и ин давлат танбашавии зиёди нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.
Коршиносон тахмин мезананд, ки ин меъёр аз сабаби «тамаркузи аҳолӣ» аст. Аммо, тавре дигар манбаъҳо хабар медиҳанд, Лондон ҳамеша бо роҳҳои пурбораш машҳур буд. Масалан, мансабдори англис Сэмюэл Пепис дар рӯзномаи худ навиштааст, ки чӣ тавр соли 1661 ӯ барои хӯроки шом хӯрдан бо лорд Крю дар роҳи Лондон якуним соат банд мондааст.
Париж дар ин раддабандӣ ҷои дуюмро гирифт. Ронандагони маҳаллӣ соли 2024 тақрибан 97 соатро дар танбашавӣ гузаронидаанд. Дар ҷойи сеюм пойтахти Ирландия — Дублин қарор гирифт, ки дар он соли 2024 ронандагон тақрибан 81 соатро барои ҳаракати мушкил сарф кардаанд.
Маълум аст, ки ширкати Inrix барои ҳисоб кардани вақт ва гузаронидани таҳлил аз манбаъҳои гуногуни маълумот, аз ҷумла маълумоти телефонҳо ва навигаторҳо истифода бурдааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






