Масъалаи рақамикунонӣ барои идораи соҳаҳои геология, гидрология ва глятсиология аҳамияти бештар пайдо мекунад

Январь 19, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 19.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувор, инчунин рушди иқтисодиёт ва ҳаёти ҷомеа аз самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, аз ҷумла пиряхҳо вобастагии калон дошта, норасоии оби тоза, безараргардонӣ ва мувофиқи мақсад истифода бурдани он, ҳифзи пиряхҳо, ҳифзи барф ва яхҳо, пешгирии хатарҳои вобаста ба об масъалаҳои асосӣ ва аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд. Хушбахтона, Тоҷикистон дорои захираи бузурги табиӣ буда, дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати тавлиди оби тоза мамлакати пешрафта ба шумор меравад.

Мувофиқи маълумоти коршиносон, захираи обии Тоҷикистон чунин арзёбӣ шудааст: пиряхҳо — 845 км3 (ҳаҷм), 11146 км2 (масоҳат), маҷрои дарё — 64 км3/сол, кӯлҳо — 46,3 км3 (ҳаҷм), 705 км2 (масоҳат), 1300 (шумора), обанборҳо — 15,34 км3 (ҳаҷм), 664 км2 (масоҳат), обҳои зеризаминӣ — 18,7 км3/сол.

Лоиҳаи асосӣ дар самти об ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти обии минтақа, пеш аз ҳама, обшавии пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ ташаббуси ҷаҳонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва қабул гардиданд. Ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ-гидроэнергетикӣ дар сатҳи байналмилалӣ бори дигар нишони онанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот бетараф набуда, пайваста кӯшиш менамояд, ки роҳҳои идоракунӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обиро пурзӯр ва нақшаи чорабиниҳоро барои ҳалли ин мушкилот марҳила ба марҳила иҷро намояд.

Барои ҳалли ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, таҳлили вазъи пиряхҳо дар мадди аввал истода, маблағҳои калон ва истифодаи технологияи пешқадамро талаб менамояд. Тҳдқиқоти пиряхҳо метавонад андозагирӣ ва мониторинги тағйироти андозаи пиряхҳо, омӯзиши равандҳои обшавӣ, таҳлили таҳшинҳо ва яхҳо, омӯзиши таърихи геологӣ ва метеорологии минтақае, ки пирях ҷойгир аст, инчунин истифодаи технологияҳои муосир, ба мисли технологияи моҳвораӣ ва ташхиси фосилавиро дар бар гирад.          Татбиқ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ имконият медиҳад, ки ченкунӣ ва мушоҳидаҳои аниқтари илмӣ ба даст оварда шаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рақамикунонии соҳаҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, корҳои назаррас анҷом меёбанд. Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд. Ин иқдом ба олимон имконияти дигар дод, ки тавассути технологияҳои иттилоотии рақамӣ соҳаи пиряхшиносӣ ва обшиносиро беҳтар таҳлил намуда, хулоса ва пешниҳодҳои аниқтари илмӣ карда шавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, зарурати дар истеҳсолот татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъкид гардид. Сарвари давлат тазаккур доданд, ки «дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҳамкории байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд. Бо ин мақсад мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем».

Инчунин қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои илм, маориф ва инноватсия зарурати дар истеҳсолот татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид дошта, иброз намуданд, ки  «замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотию иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ карда шаванд».

Бинобар ин, дар шароити тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо масъалаи рақамикунонӣ барои идоракунии соҳаҳои геология, гидрология ва глятсиология аҳамияти бештар пайдо мекунад. Омили асосии ба даст овардани маълумоти дурусти илмӣ барои татбиқ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ дар ин соҳаҳо ба рушди ояндаи иқтисодиёти мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ зич алоқаманд аст.

Рақамикунонӣ дар соҳаи геология, гидрология (обшиносӣ) ва глятсиология (яхшиносӣ) имконият медиҳад, ки роҳҳои ҳалли мувофиқи масъалаҳои муҳим, ба монанди истифодаи технологияҳои иттилоотии навтарин дар таҳлили захираҳои обӣ ва яхҳо, марказонидани низоми идоракунӣ ва мониторинг, автоматикунонии ҷамъоварии маълумот ва коркарди он ба пешгӯӣ барои тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода мусоидат намоянд. Идоракунии фосилавӣ мониторинг ва ташхиси ҳолат, кор ва муҳлати хизматрасониро дароз мекунад. Вале рақамикунонӣ ва татбиқи технологияи муосир таҳқиқоти илмиро осон намуда, идоракунии фосилавиро амалӣ менамояд. Ҳамин тариқ, рақамикунонӣ дар ин соҳаҳо, аввал такмил додани таҳлилҳои илмӣ ва мониторинг вобаста ба пиряхҳо, қабатҳои яхбандии он, қабатҳои барф, устувории онҳо, қитъаҳои азбайнрафтаи пиряхҳо ва хатҳои барфӣ, обшавии пиряхҳо, ҳолати кӯлҳо ва ҳавзҳои пиряхӣ, омилҳои таъсиррасон ба тағйирёбии иқлим ва дуюм, истифодаи технологияҳои замонавӣ барои пешгӯии пешгирии хатарҳо вобаста ба захираҳои обӣ ва ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар соҳаи геология, гидрология, глятсиология аз муайян кардани ҳадафҳои мушаххас, стратегияҳо ва нақшаи чорабиниро бо назардошти ҳолати ҳозираи онҳо вобастагӣ дошта, таҳия ва татбиқи онҳо усулу роҳҳои инноватсионии хубро талаб мекунад. Барои суръат бахшидан ба ин раванд дар соҳаҳои геология, гидрология, глятсиология ва геомуҳандисии яхҳо чорабиниҳои зерин зарур ҳастанд:

— татбиқи сермаҳсули сенсорҳои зеҳнӣ, дастгоҳҳои сенсорӣ ва робототехника, истифодаи замимаҳои мобилӣ ва ба андозаи пурра тамоми қобилияти ҳисоббарории абрӣ;

— таъсиси инфрасохтори муосири коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот, пешниҳоди дастурҳои зарурӣ тавассути пешгӯию дурнамоӣ, майли фикру амал кардан ба манфиати наслҳои оянда;

— ташкил намудани Маркази байналмилалии илмии «шабакаи интеллектуалӣ» дар вақти воқеӣ, барои баррасии маълумоти таҳлилӣ ва қолабҳои ҳалли рақамӣ, пешгӯиҳо ва сенарияҳои технологияҳои оянда, табодули иттилоот ва таҷриба;

— такмил додани таҳлилҳои илмӣ ва мониторинг вобаста ба пиряхҳо, қабатҳои яхбандии онҳо, қабатҳои барф, устувории онҳо, қитъаҳои азбайнрафтаи пиряхҳо ва хатҳои барфӣ, обшавии пиряхҳо, ҳолати кӯлҳо ва ҳавзаҳои пиряхӣ, омилҳои таъсиррасон ба тағйирёбии иқлим;

— истифодаи технологияҳои пешрафта, ба монанди аксбардории радифӣ ва низомии мушоҳидаи заминӣ барои беҳтар кардани мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ дар вақти воқеӣ;

— ташаккул ва истифодаи моделҳои математикӣ, аз ҷумла истифодаи моделсозии равандҳои фазоӣ дар геология, гидрология ва глятсиология, доираи назари баҳодиҳӣ ва банақшагирии захираҳои об ва моделсозии раванди яхбандӣ ва обшавии пиряхҳо;

— ташаккули низоми иттилоотии ҷуғрофӣ (GIS) барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил ва зоҳиркунонии маълумоти графикӣ (ҷуғрофӣ);

— таъмин намудани ҳавасмандии навгонӣ, фароҳам овардани шароити мувофиқ, ки эҳтимоли ҷалби захираҳои зеҳнӣ мебошанд.

Масъалаи дигар- ин на танҳо омӯзиш ва таҳлили захираҳои обӣ, аз ҷумла яхҳо, балки пешгирии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ мебошад. Тамоюли рушди низоми омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон мутахассисонро ба «гузариши рақамӣ» водор мекунад, ки тағйироти куллӣ дар омӯзиш ва ҳифзи пиряху захираҳои обӣ ворид намоянд. Агар таҳлил намоем, омӯзиши пиряхҳо аз ҷумла, пиряхи Ванҷях ва захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ҳокимияти Шуравӣ оғоз ёфта, мутахассисони хориҷию ватанӣ экспедитсияҳои зиёд гузарониданд. Вале, истифодаи технологияи навтарин, ба монанди технологияҳои инноватсионии геоинформатсионӣ (пойгоҳи автоматикии обуҳавосанҷӣ) барои омӯзиши пиряхҳо соли 2003 оғоз ёфтааст.

Барои татбиқи нақшаи чорабиниҳои соҳаҳои геология, гидрология ва глятсиология солҳои охир корҳои назаррас анҷом дода шуданд:

-дар доираи «Барномаи давлатии ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо барои солҳои 2010-2030» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2014 нахустин маротиба Маркази яхшиносӣ таъсис дода шуд.

-стансияи автоматӣ дар пиряхҳои Тоҷикистон насб карда шуд.

-соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

-дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди байналмилалии боварӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо.

-21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

-ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Hydrosolutions Ltd» -и Швейтсария дар самти идоракунии захираҳои обӣ, мониторинг ва пешгӯиҳои обшиносӣ.

Дар асоси ин таҳлилҳо чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки истифодаи технологияҳои иттилоотии рақамӣ бояд дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла геология, гидрология ва глятсиология татбиқ карда шавад. Чунки, технологияҳои муосири геоинформатсионӣ барои назорат ва муайян кардани тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба обшавии пиряхҳо, хусусият ва хосиятҳои пиряхҳо, объектҳои хатарнок дар ҷойҳои баландкӯҳ ва душворгузар, таҳияи моделҳо ва ҳисобҳои хатарҳои мавҷуда, таҳияи нақшаи пешгирӣ ва кам кардани хатари офатҳои табиӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. Ин боиси самаранокии фаъолияти низомҳои геология, гидрология ва глятсиология мегардад.

Барои назорат, мониторинг ва идоракунӣ бояд ҳадафҳои зерин иҷро шаванд:

  1. Навсозӣ ва рушди низом. Нав кардан ва инкишоф додани низоми омӯзиши шароити глятсиологӣ, гидрометеорологӣ, геологию геофизикии ҳолати пиряхҳо бо истифода аз воситаҳои махсуси автоматиконидаи техникӣ. Барои татбиқи технологияи рақамӣ дар иҷрои нақшаи чорабиниҳои соҳаи об ва пиряхҳо, пеш аз ҳама, шароити сармоягузорӣ тавсеа дода шавад. Чунки технологияҳои рақамӣ метавонанд хароҷоти марказҳои яхшиносӣ, обуҳавосанҷӣ ва обшиносӣ барои омӯзиш ва таҳлили пиряхҳоро дар маҷмуъ кам кунанд.
  2. Таҳлили маълумот. Истифодаи технологияҳои иттилоотии рақамӣ, ба монанди аксбардории радифӣ ва низомии мушоҳидаи заминӣ, стансияҳои баландкӯҳ, экспедитсияҳои саҳроӣ барои беҳтар кардани мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ дар вақти воқеӣ кумак менамояд. Бо рақамикунонӣ ҷамъоварӣ ва таҳлили миқдори зиёди маълумот барои идоракунии қабули қарорҳои дуруст, мувофиқ ва оқилона кумак менамояд.
  3. Густариши ҳамкорӣ. Тавассути технологияҳои рақамӣ иртибот ва додугирифти иттилоот байни кормандон ва шуъбаҳои марказҳои яхшиносӣ, обуҳавосанҷӣ ва обшиносӣ беҳтар мешавад ва ин кори онҳоро самараноктар карда, сабаби зудтар қабул кардани қарорҳо мегардад. Инчунин ҳамоҳангии таҳқиқоти олимони ватанӣ ва хориҷӣ вобаста ба омӯзиши пиряхҳо, захираҳои об, таъсири иқлим ба обшавии пиряхҳо, идоракунии хатарҳо ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода барои қабули қарорҳо кумак менамояд.
  4. Баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самараи меҳнат. Технологияҳои рақамӣ равандҳоро тавассути автоматикунонии онҳо суръат мебахшанд, меҳнати инсонро коҳиш медиҳанд ва маълумотро тавассути таъминоти барномавӣ самараноктар идора мекунанд.
  5. Огоҳонидани аҳолӣ. Пешбурди ҳамкории байналмилалӣ татбиқи таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта барои ҳалли мушкилоти офатҳои табиӣ марбут ба иқлим метавонад мушкилоти пешгирӣ аз офатҳои табииро ҳал намояд. Ташкили машварату тренингҳо боиси баланд бардоштани шуурнокӣ ва маърифатнокии аҳолӣ вобаста ба огоҳӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода мегардад.

Муҳайё АЛАМШОЕВА,
мудири кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент 

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 19, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ асоси ислоҳот дар соҳаи маориф аст
Ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ байни Тоҷикистону Эрон густариш меёбад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳдона организмро аз пиршавӣ ва бемориҳои онкологӣ эмиин нигоҳ медорад
ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР КАҶ… Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёд намудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ таъкид гардид
Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорон 240 номгӯй замонати ҳуқуқӣ муқаррар намудааст
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад
Бо мақсади пешгирӣ аз суқут Маъмурияти федералии авиатсияи граждании Амрико санҷиши ҳавопаймои BOEING 767-ро талаб намуд
Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 153,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ 18 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ намуд
Президенти Тоҷикистон татбиқи тарҳҳои неругоҳи «Сангтӯда-2» ва нақби «Истиқлол»-ро дастоварди муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон номиданд
АРЗЁБИИ ХОНИШ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид