Моҳи май дар Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд

Январь 8, 2025 16:17

 ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи май дар Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. 115-солагии шоир дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025»  таҷлил  мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Боқӣ Раҳимзода аз зумраи чеҳраҳои адабии маъруфи тоҷик буда, бо осори мондагори худ маҳбуби ҳазорон дилбохтагони адабиёти тоҷик мебошад.

Аз ҷумла, осори ӯ бо номҳои «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан»-1955, «Чашма» — 1957, достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» — мунтахабот, 1966, «Илҳом»- 1973, дуҷилдаи «Осор» (1975—1976), «Шохаи гул», дуҷилдаи «Осор» (1982—1983), «Шеъру достонҳо»-1983 ва ғайра ба табъ расидаанд.

Нақши шоири ватансаро дар рушди маънавиёти ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ ниҳоят барҷаста аст.

Ёдовар мешавем, ки имсол тибқи ҷадвали мазкур, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, дар мамлакат чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ, аз ҷумла 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ, Фестивали байналмилалии театрии «Наврӯз», Фестивали ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон», Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола», Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии афсарону сарбозон «Муҳофизони Ватан», Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» ва дигар фестивалу озмунҳо гузаронида мешаванд.

Таҷлили ҷашну солгардҳо дар саросари мамлакат бо баргузории дарсу маҳфилҳои адабию фарҳангӣ баргузор карда мешаванд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги бою пурғановати халқи тоҷик, тарғиби анъанаҳои миллӣ, ҳамзамон дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегонагон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 8, 2025 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид