Муколамаи намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Январь 15, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти ҷалби сармоя ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ имконияти мусоид мавҷуд аст, ки истифодаи самараноки он ба манфиати ҳар ду давлати ҳамзабон, дӯст ва бародар –Тоҷикистон ва Эрон мебошад. Ин нукта дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон, ки имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, садо дод.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории нишасти намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон иттилоъ медиҳад, ки дар ин муколама роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон ва Эрон, инчунин доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ҳар ду давлат иштироки фаъол доштанд.

Дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода доир ба имконоти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт. Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз давлатҳои амнтарин дар самти сармоягузорӣ мебошад. Инчунин иқтисоди миллии Тоҷикистон давоми солҳои охир тамоюли рушд касб намуда, суръати рушди воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат /ММД/ беш аз 8 фоизро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги иқтисодию тиҷоратӣ, хусусан сарватҳои табиию зеризаминӣ- обу энергетика, маъданҳои кӯҳӣ, сайёҳӣ ва саноатию кишоварзӣ мебошад. Дар Тоҷикистон барои соҳибкорону сармоягузорон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат имконияти мусоид ва имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шудаанд, ки ба ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Солеҳи Амирӣ ва дигар роҳбарони масъули ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Эрон доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар бахши соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо назардошти иқтидор ва зарфияти сайёҳию фарҳангии ҳар ду давлат ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки бозори сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон барои доираҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории Эрон то ҳанӯз пурра шинос нест. Аз ин рӯ, баргузории чунин муколамаи васеъ бо иштироки намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон дар шинохти зарфияту иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Эрон нақши муассир мегузорад.

Дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон оид ба иқтидору имконияти соҳибкорию сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон навор намоиш дода шуда, байни бархе корхонаю ширкатҳои Тоҷикистон ва Эрон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Инчунин доираҳои соҳибкорию сармоягузории Эрон дар ҳошияи нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, аз қабили «Сиёма», парки технологии «Chayur», корхонаи нассоҷии «Аrvis» аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон маконҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе- «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Муҷтамаи «Истиқлол»-ро тамошо намуда, бо фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт шинос шуданд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дошта, то имрӯз беш аз 15 нишасти ин комиссия дар шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон баргузор гардидааст.

Дар асоси маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Эрон давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024-ум 336,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 120,1 миллион доллар ё 55 дарсад афзудааст. Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 104,1 миллион доллар ва воридот ба 232,1 миллион доллар баробар гардидааст.

Тоҷикистон ва Эрон барои рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии худ захираю имконияти зиёд дошта, дар ҳолати истифодаи васеи ин имконот метавонанд робитаи ду давлатро минбаъд низ наздиктару фарохтар гардонанд.

16 январ дар шаҳри Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад, ки дар он доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат иштирок намуда, маҷмуи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ менамоянд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 15, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамоиши идона доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
100-сомонии ҷашнии Тоҷикистон беҳтарин банкнотаи ҷашнии соли 2025 дониста шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самтҳои афзалиятнок рушд меёбад
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад
Оид ба омодагӣ ба Форуми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг доир мешавад
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Эрон ҳамкориро дар соҳаҳои заминсозӣ тақвият медиҳанд
Дар доираи лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» ҷаласа баргузор гардид