Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Одилбек Қосималиев дар минтақаи марзи байнидавлатӣ мулоқот намуданд.
Мулоқот дар доираи тавофуқи қаблан бадастомада оид ба масъалаҳои сарҳади давлатӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров баргузор гардид.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки се давлат барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои калидӣ, аз қабили тиҷорат, логистика, обу энергетика ва фарҳангу иҷтимоиёт имконоти бузург дошта, рушди ҳамкории фаромарзӣ ва байниминтақавӣ ҷузъи муҳими он мебошад.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот раҳбарони ҳайатҳо изҳори итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза дар ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳим бозида, ба рушду тақвияти ҳамкории давлатӣ ва дӯстию бародарии халқҳо мусоидат менамояд.
Мулоқот дар пайванди сарҳадҳои давлатии се кишвар – дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.










Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад






