НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон кай ба тасвиб мерасад?

Январь 27, 2025 14:35

ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон кай ба тасвиб мерасад? Ба ин суоли мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Сайдалӣ Бобохонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар назар аст, ки ин конвенсия соли 2025 ба тасвиб расад.

Сайдалӣ Бобохонзода иттилоъ дод, ки Нақшаи миллӣ барои қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон таҳия шудааст. «Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқи маъюбон» соли 2018 ба имзо расида буд. Ҳоло нақшаи амал ба охир расида, дар зинаи тасвиб қарор дорад»,-иброз намуд ӯ.

Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 9 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон давлатҳои аъзо дар қатори шахсони дигар барои ба маъюбон додани имконияти пешбурди тарзи ҳаёти мустақил ва иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт тамоми тадбирҳоро барои ба онҳо дастрас гардонидани муҳити воқеӣ, нақлиёт, иттилооту мухобирот, аз ҷумла технологияҳо ва системаҳои коммуникатсионӣ ва инчунин объектҳо ва хизматрасонии дигар меандешанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1730 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сабт шудааст. Ба иттилои Сайдалӣ Бобохонзода, дар ин давра аз ҷониби шахсони имконияташон маҳдуд ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар муроҷиатҳо барои бо кор таъмин шудан, таъминоти иҷтимоӣ, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ, гузаштан аз ташхиси тиббӣ, гирифтани замин ва манзили зист ворид шудаанд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мониторинг оид ба дастрасии шахсони маъюб, дастрасии онҳо ба биноҳои инфрасохторӣ ва вазъи таъминоти ҳуқуқи онҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон зимни баргузории ҳамоишҳо ба шахсони маъюб ҳуқуқҳояшон фаҳмонида мешавад.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки 22 марти соли 2018 дар ҳошияи ифтитоҳи чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2025 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид