«ОЛИМПИАДАИ ЗАБОНИ РУСӢ-2024». Ғолибони он қадрдонӣ гардиданд

Январь 20, 2025 17:11

ДУШАНБЕ, 20.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ғолибони озмуни умумирусиягии «Олимпиадаи забони русӣ-2024» барои донишҷӯёни барномаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси ихтисосҳои ғайрифилологӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фазои тантанавӣ ректори донишгоҳ, профессор Файзулло Машраб донишҷӯёнро барои иштироки фаъолона дар озмун табрик гуфта, ба онҳо диплому шаҳодатномаҳо тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 16 октябр то 16 ноябри соли 2024 кафедраи фалсафа ва коммуникатсияҳои иҷтимоии Донишгоҳи давлатии техникии Липетск озмуни умумирусиягии «Олимпиадаи забони русӣ- 2024» баргузор намуд, ки дар он донишҷӯёни давлатҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар озмун аз рӯйи ихтисоси «Забоншиносӣ» (англисӣ) дар се номинатсия иштирокчиён ғолиб дониста шуданд.

Аз ҷумла, дар номинатсияи «Иншои беҳтарин» ҷойи якум ба Сарвиноз Маллаева, дар номинатсияи «Асари беҳтарин байни ихтисосҳои техникӣ» ҷойи дуюм ба Фараҳноз Маллаева ва дар номинатсияи «Равиши беҳтарини таҳқиқотӣ» ҷойи дуюм ба Ширин Файзуллоева дода шуд.

Инчунин Дилноза Раҳимова ва Фарзона Исаева барои иштироки фаъолона қадрдонӣ шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб мешавад. Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша бояд дар ёд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».

Бо ин мақсад бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешаванд.

Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ намудааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд.

АКС: Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон

 

Январь 20, 2025 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад