Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва низоми муҳофизати устувор мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 12.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шуданд, ки хеле муҳим ва саривақтӣ аст. Мо дар асре зиндагӣ дорем ва дари фардоеро боз хоҳем кард, ки бе рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия расидан ба ҳадафҳои пешгирифта хеле мушкил аст.
Имрӯз иқтисоди рақамӣ ва инноватсия хеле муҳим мебошанд, зеро ширкатҳо бештар тавассути шабакаҳои интернетӣ молу маҳсулоти худро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд. Иқтисоди рақамӣ ба корхонаю ширкатҳо имкон медиҳад, ки ба бозорҳои байналмилалӣ ворид шаванд ва бо истеҳсолкунандагони сатҳи ҷаҳонӣ ба рақобат бароянд, ки ин барои рушди соҳа имконияти нав фароҳам меорад. Ҳамзамон гуфтан ба маврид аст, ки ин раванд ба корхонаҳо имкон медиҳад, ки хароҷотро кам кунанд, фаъолияти корхонаро ба танзим дароранд ва дар натиҷа маҳсулнокиро афзоиш бахшанд. Татбиқи иқтисоди рақамӣ ҳамзамон имкон фароҳам меорад, ки хихматҳои онлайнӣ, тиҷорати электронӣ ва барномаҳои мобилӣ ба воситаи асосӣ табдил ёбанд.
Таҳқиқоти пешакӣ ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот менамояд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба бозори меҳнат низ бетағйир буда наметавонад. Эҷоди ҷойҳои нави корӣ малакаю маҳорати нав талаб мекунад. Ин раванд роҳи ҳалли мушкилоти муосир, ба монанди рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти иҷтимоӣ ҳисобида мешавад.
Агар ба рушди иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, ҳанӯз солҳои 1950-1960 пайдоиши аввалин компютерҳо ва рушди технологияҳои шабакавӣ, ба монанди ARPANET (собиқ интернет) ба он замина гузошт. Аммо рушди воқеии соҳа, яъне тиҷорати электронӣ ба солҳои 1990 рост меояд, ки бо дастрасӣ ба аввалин мағозаҳои онлайнӣ ва платформаҳои алоҳидаи тиҷорати электронӣ пайдо гардиданд. Яке аз намунаҳои машҳури он Amazon мебошад, ки соли 1994 ба фаъолият шуруъ намуд.
Президенти Тоҷикистон, ки вазъи пешрафти илму фарҳанг ва иқтисоду иҷтимоиёти ҷаҳонро таҳлил мекунанд, дар ин самт рушд ёфтани ҷумҳуриро саривақтӣ шумориданд.
Агар мо рушди пайдоиши технологияҳои нав, ба монанди барномаҳои мобилиро ба соли 2000 алоқаманд донем, технологияҳои мобилӣ ва системаҳои пардохт бо истифодаи смартфонҳо ва замимаҳои мобилӣ, инчунин рушди системаҳои пардохти мобилӣ ба монанди PayPal ва Apple Pay ба солҳои 2010 рост меоянд.
Тавре ки гуфтем, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки масоили мухталифро таҳлили воқеӣ менамоянд ва оид ба пешрафту шукуфоии давлату миллат ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, асоси пешрафти мамолики мутараққиро низ омӯхта, рушди иқтисоди рақамиро тавсия намуданд.
Метавон якчанд давлати пешрафтаи олам, ба мисли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Сингапур, Эстония, Олмон, Ҷопон ва Норвегияро дар ин ҷода пешқадам донист. Ин мамлакатҳо тиҷорати электронӣ ва платформаҳои тиҷоратии машҳурро дар фазои рақамии мамлакати худ нақши калидӣ шуморидаанд. Пешравии баъзе аз ин давлатҳо тавассути сармоягузорӣ ба технология, инноватсия ва инфрасохтори баландсифат дар табдилдиҳии рақамӣ мебошад. Ҳукумати ин мамлакатҳо низ рушди рақамикунонии давлатро дастгирӣ мекунад. Ҳамзамон дар самти саноат низ ин соҳа муҳим шуморида шудааст. Рушди технологияҳои рақамӣ дар бахшҳои истеҳсолот, нақлиёт ва тандурустӣ низ васеъ истифода бурда мешавад. Ҳар яки онҳо равиш ва стратегияҳои беназири худро барои ҳамгироии технологияҳои рақамӣ доро мебошанд.
Дар Тоҷикистон агар рушди ин соҳаро зарур шуморем, пеш аз ҳама, инфрасохтор, яъне сохтмон ва таҷҳизоти хуби телекоммуникатсионӣ, ҳамзамон беҳтар кардани дастрасии интернет, рушди алоқаи мобилӣ ва технологияҳои маълумотдиҳӣ хеле муҳим аст. Як ҷанбаи дигари рушди ин соҳа дастгирии Ҳукумати мамлакат аст. Солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд, ки ин беҳуда нест. Яъне таваҷҷуҳ ба ин самт махсусан аз ҷониби Президенти Тоҷикистон бештар аст. Ҳамзамон рушди захираҳои инсонӣ, омодасозии мутахассисони ватанӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва малакаҳои рақамӣ хеле муҳим шуморида мешавад. Раванди рақамикунонӣ падидаи дар фосилаи кӯтоҳ амалишаванда набуда, балки стратегияи дарозмуддате аст, ки вақт ва кӯшиш талаб мекунад.
Мубодилаи бемонеаи молиявӣ, ба муассисаҳои олӣ қабул шудани довталабон, ташхиси беморон дар дохили ҷумҳурӣ, худкоркунонии соҳаи иқтисодиёт, рақамикунонӣ дар соҳаи ҳамлу нақл ҷанбаҳое ҳастанд, ки дар мамлакати мо қадамҳои нахустини он гузошта шудаанд. Пеш аз ҳама, ин метавонад шаффофиятро дар ҳама самт таъмин намояд.
Рушди соҳа, пеш аз ҳама, аз зинаи омодасозии мутахассисон дар ин самт сарчашма мегирад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, таҳия ва татбиқи барномаҳои махсус дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва махсус, таҳсилоти олии касбӣ зарур шуморида мешавад. Ҷорӣ намудани машғулияти технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, таҳлили маълумот, амнияти киберӣ, маркетинги рақамӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор муҳим шуморида мешаванд.
Масъалаи дигаре, ки Президенти Тоҷикистон иброз намуданд ва таваҷҷуҳи сохтори маориф ва саноати ҷумҳурӣ ҳам ба ин соҳа бештар равона гардидааст, ин ҳамбастагии илм бо истеҳсолот мебошад. Нисбат ба мустаҳкам намудани пайвандии илм бо истеҳсолот Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ихтироъкорию навоварӣ на дар ҳуҷҷат, балки дар амал бояд татбиқ карда шавад.
Дар вобастагӣ ба рушди илму техникаи муосир ташкили озмоишгоҳҳо дар ин самт барои анҷом додани корҳои амалӣ ва таҳқиқотӣ дар соҳаи рақамикунонӣ хеле муҳим аст. Ҳамзамон ворид намудани тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ, корҳои дастҷамъона ва малакаҳои саводнокии рақамӣ ба барномаҳои таълимӣ дар бозори меҳнати зудтағйийрёбанда хеле муҳим мебошад.
Дар зинаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус зарурат пеш меояд, ки бо мақсади ташкили машғулияти такмили ихтисос барои кормандоне, ки хоҳиши тавсеа додани дониши худро дар ин соҳа доранд, тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд. Дар ин ҷабҳа равнақ бахшидани ҳамкории байналмилалӣ хеле муҳим ва саривақтӣ буда, барои табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар раванди таълим мусоидати фаъол хоҳад кард.
Раванди рақамикунонӣ дар соҳаи меҳнат назарияҳои яке аз донандагони барҷастаи бозори иқтисодӣ Адам Смитро, ки созандаи назарияи арзиши меҳнат низ ба шумор меравад, собит менамояд. Карл Маркс низ доир ба таъсири капитализм ва прогресси техникӣ ба меҳнат ақида дошт, ки рақамикунонии соҳа ва автоматикунонӣ ба бозори меҳнат таъсир расонида, касбҳои нав эҷод мекунанд. Дар ин зина танҳо эътибори аввалиндараҷа бояд ба он равона карда шавад, ки касбҳои анъанавӣ аз байн нараванд. Гарчанде ки классикон иқтисодиёти рақамиро мустақиман муҳокима накардаанд, идеяҳо ва принсипҳои онҳо ҳангоми фаҳмидани динамикаи системаҳои муосири иқтисодӣ ва тағйироти навовариҳои технологӣ муҳим боқӣ мемонанд. Муҳим аст, ки ин назарияҳо ба шароити нав мутобиқ карда шаванд, то дарки амиқи иқтисоди рақамӣ ва оқибатҳои онро ба даст оранд.
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дастури роҳнамо барои шаҳрвандони мамлакат дар ҳама самт ба шумор меравад. Тибқи дастури Ҳукумати мамлакат асре фаро расидааст, ки пайваст кардани технологияи рақамӣ ба дигар фанҳо, аз қабили математика, санъат ва ҷомеашиносӣ, тиб ва дигар фанҳои муҳимро дар қаринаҳои гуногун истифода баранд. Ҷорӣ намудани машғулияти барномасозӣ, робототехника низ ба баланд бардоштани тафаккури техникии насли ҷавони ҷумҳурӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Муҳофизат ва мудофиаи ҳар давлат, пеш аз ҳама, барои таъмини амнияту осудагӣ ва пешрафти он сарзамин мусоидати фаъол хоҳад намуд. Ин, пеш аз ҳама, барои идоракунии захираҳои моддӣ ва маънавӣ муҳим шуморида мешавад. Ҳамзамон таъкид кардан ба маврид аст, ки пешгӯии таҳдидҳо ва таҳлили сенарияҳои эҳтимолии низоъ боиси самаранокии мудофиаи ҷумҳурӣ хоҳад гашт. Пеш аз ҳама, ҷорӣ гардидани раванди рақамикунонӣ дар ҳама соҳа метавонад маълумоти бештарро ба аҳолии мамлакат дар самти муҳофизати киберӣ фароҳам оварад. Инчунин иқтисоди рақамӣ метавонад барои таҳия ва татбиқи технологияҳои нав, аз қабили зеҳни сунъӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва робототехника истифода шавад, ки дар мудофиаи ҳудудӣ фаъол хоҳад буд. Иқтисодиёти рақамӣ дар вазъияти печида ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон ба эҷоди низоми муҳофизати устувор мусоидат хоҳад кард.
Ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки тавсия ва раҳнамоии Президенти Тоҷикистонро дуруст дарк намояд ва дар ин замина барои амалӣ намудани нақшаҳои созанда барои рушди ҷумҳурӣ саҳми босазо гузорад.
Осими ОҚИЛ,
сардори раёсати таълими Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ
АКС аз манбаъҳои боз