Пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» барои обёрии заминҳо дар мавсими соли 2025 омода мебошад
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» шинос гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд, пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» дорои 8 агрегат мебошад, ки 4 адади он пурра аз таъмир бароварда шуд. Ин пойгоҳ дар мавсими соли равон 9735 гектар заминҳои кишоварзиро бо оби полезӣ таъмин мекунад. Дар он беш аз 12 нафар фаъолият доранд.
Пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» солҳои 60-уми қарни гузашта дар маҷрои дарёи Сир бунёд гардида, 6 агрегати он таъмирталаб буда, ду агрегати дигар умуман фаъолият намекард. Аз ин сабаб заминҳои ҷамоатҳои деҳоти Деҳмой, Гулхона, Сомониён, Ғулакандоз ва қисман заминҳои ҳудуди деҳоти Ҳаёти нав аз оби полезӣ танқисӣ мекашиданд.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пойгоҳи обкашӣ пурра таъмиру таҷдид карда шуд. Ба он муҳаррику дастгоҳҳои нав насб гардиданд, ки имкон медиҳанд пойгоҳ 7885 гектар заминҳои кишоварзиро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оби полезӣ таъмин кунад.
Намояндагони Ҳукумати мамлакат барои таъмини фаъолияти ин пойгоҳ ва сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






