Президенти Тоҷикистон татбиқи тарҳҳои неругоҳи «Сангтӯда-2» ва нақби «Истиқлол»-ро дастоварди муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон номиданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 январ зимни суханронӣ дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон татбиқи тарҳҳои Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», нақби «Истиқлол» ва чанд лоиҳаи дигари хурду миёнаро дастовардҳои муҳими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон арзёбӣ намуданд.
«Ин дастовардҳо, бешубҳа, ба таҳкими дӯстӣ ва рафоқат байни ду давлат ва ду миллат мусоидат мекунанд. Итминон дорем, ки татбиқи амалии «Барномаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду давлат то соли 2030» натиҷаҳои назаррас ба бор меоранд»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.
Гуфта шуд, ки дар пешбурди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ҳамчунин дигар абзори муштараки ҳамкорӣ, бахусус Шурои соҳибкорон ва Кумитаи муштараки сармоягузорӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






