САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд

Январь 13, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шанбе ва якшанбеи чоруми моҳи январ (25-26 январ) дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил гардида, намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус дар банди 8-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, дарҷ гардидааст.

Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, рушди маҳал, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагии ҷангал, кумитаҳои телевизион ва радио, рушди сайёҳӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, иттифоқҳои «Тоҷикматлубот», нависандагон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ин ҷашни бостонии халқи тоҷик вазифадор гардидаанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ, моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд».

Ёдовар мешавем, ки 6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар Тоҷикистон расман охири моҳи январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид доштанд: «Ҷашни Сада баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳастиву ҳувияти мо – тоҷикон маҳсуб ёфта, гиромидошти он аз ҷумлаи роҳҳои муассири тақвияту густариши хештаншиносиву худогоҳии миллӣ мебошад».

Тавре шоири муосири тоҷик Озар мегӯяд:

Чист, эй дӯст, Сада?
Сада оғози яке соли пур аз иқбол аст.
Сада мероси Ҷаму Афредун,
Сада, ин Нораку Роғун,
Сада, ин партави хуршедии истиқлол аст!

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 13, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»