Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт

Январь 17, 2025 08:33

ДУШАНБЕ, 17.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 январ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Субҳи имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон, вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ҳошияи сафари давлатӣ бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, ки зимни он боз 13 санади дигари ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 450 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Шаби шеъри Тоҷикистону Эрон бо иштироки шоирону адибони ду давлат, Форуми олимон ва пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон, бозкушоии Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ аз чорабиниҳои муҳими ҳошиявии ин сафари давлатӣ буд.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо кормандони соҳаи тиб ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён мулоқот намуданд. Бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Масъуд Пизишкиён бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ин муассисаи олии илмию таҳсилотӣ сарфароз гардидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз 15 то 17 январ бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2025 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад