Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Прокуратураи генералӣ, «Амонатбонк» ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба визифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон ва ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Қосимзода Хайриддин Шарифҷон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол гардид.
Бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дигари кадрӣ дар баъзе раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” амалӣ карда шуд.
Саидзода Тоҷиддин Ниёз аз вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод ва ба вазифаи муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Худоёрзода Худоёр Бахтиёр аз вазифаи сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъйин гардид.
Ҷумъазода Маҳмуд аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод ва сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Холиқзода Ҷонибек аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Абдуллозода Алишер Ҳамид аз вазифаи муовини сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ таъйин карда шуд.
Собирзода Нуралӣ Миралӣ, ки то ин вақт ба ҳайси муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






