САТҲИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА АСТ. То соли 2027 дар Тоҷикистон низоми ягонаи биллингӣ таъсис меёбад

Январь 27, 2025 08:37

ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад, иттилоъ медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2024 истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии мамлакат 22,4 миллиард кВт- соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 567,6 миллион кВт-соат ё 2,6 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, бо назардошти ҳаҷми неруи барқи қабулшуда, иҷрои уҳдадориҳои таҳвилӣ, содиротӣ ва воридотӣ талафоти неруи барқ дар низоми энергетикӣ ба 4,5 миллиард кВт-соат ё 20 фоиз баробар гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 163 миллион кВт-соат ё 1,2 фоиз кам мебошад.

Сатҳи талафот нигаронкунанда аст

Дар натиҷаи татбиқи чораҳои амалӣ ҳоло сатҳи талафот дар бахши истеҳсол ва интиқоли барқ ба меъёрҳои байналмилалӣ наздик буда, мутаассифона, дар шабакаҳои тақсимоти барқ ин ҳолат то ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ монда, ба 3 миллиарду 613,7 миллион кВт-соат ё 19,2 фоиз баробар мебошад. Ҳарчанд талафот нисбат ба соли 2023 2 фоиз коҳиш ёфтааст, вале ба талабот ҷавобгӯ нест.

Татбиқи лоиҳаҳо-омили паст шудани талафоти неруи барқ

Ба андешаи мутахассисони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи паст намудани талафоти неруи барқ яке аз самтҳои муҳими соҳа маҳсуб мешавад, аз ин рӯ, таъмини чорабиниҳо тавассути татбиқи саривақтии лоиҳаҳои амалкунанда ба манфиати кор арзёбӣ мегардад.

Дар айни замон дар соҳа татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара» ё Барномаи рушди соҳаи энергетика ба маблағи 95 миллион доллари амрикоӣ ва Лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» -шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ба маблағи 44,6 миллион доллари амрикоӣ идома дорад. Инчунин лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (17 шаҳру ноҳия)» ва «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд» бо шарикон дар марҳилаи гуфтушунид қарор доранд.

Татбиқи муваффақонаи Лоиҳаи «Кам намудани талафоти энергияи барқ дар ноҳияи Сино»

Бо дастгирӣ ва кумаки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ татбиқи муваффақонаи лоиҳаи «Кам намудани талафоти энергияи барқ дар ноҳияи Сино»-и пойтахт бо ҷалби сармоягузории ватанӣ таъмин гардида, дар айни замон талафот дар ноҳияи Сино дар сатҳи 7 фоиз буда, ҷамъоварии маблағ 101 фоизро ташкил медиҳад. Қабл аз татбиқи лоиҳа талафот дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 19,1 фоиз ва ҷамъоварии маблағ 81,2 фоизро ташкил медод.

Насби 93,5 ҳазор ҳисобкунаки зеҳнӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ

Дар доираи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” ба ҳолати 15 январи соли 2025 дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе 93 ҳазору 500 ҳисобкунаки зеҳнӣ насб гардид, ки 50,6 фоизи он ба муштариён рост меояд. Анҷоми насби ҳисобкунакҳо дар ноҳияҳои пойтахт то шашмоҳаи якуми соли равон ба нақша гирифта шудааст. Ҳама кӯшишҳо ба он равона гардидаанд, ки талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии маблағи он дар ин ноҳияҳо низ дар сатҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор гирад.

Низоми ягонаи биллингӣ таъсис мешавад

Интизор меравад, ки дар маҷмуъ то соли 2027 бо назардошти лоиҳаҳои татбиқшуда, дар ҳоли татбиқу дар марҳилаи гуфтушунид қарордошта дар мамлакат ҳама муштариён бо ҳисобкунакҳои электронӣ фаро гирифта шуда, низоми ягонаи биллингӣ таъсис дода шавад. Маблағи умумии лоиҳаҳо 431,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, теъдоди ҳисобкунакҳои насбшаванда ба 1 миллиону 701,4 ҳазор мерасад, ки аз ин 346 ҳазор ё 20,3 фоиз насб гардидааст.

Татбиқи Лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд»

Бояд гуфт, ки қаблан бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ давоми солҳои 2014-2017 лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» татбиқ гардид, ки дар доираи он дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ва шабакаҳои барқии як қисмати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зиёда аз 80 ҳазору 128 адад, аз ҷумла 63 ҳазору 658 адад дар шаҳри Хуҷанд, 16 ҳазору 470 адад дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ, маҷмуи зарурии таҷҳизоти дахлдор ва васли барномаю технологияҳои муосир ба маблағи 22,9 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гардид. Дар айни замон ин лоиҳа ҳамчун лоиҳаи намунавӣ маҳсуб мешавад.

Баъд аз татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» дар соли 2018 дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд сатҳи талафоти техникӣ аз 18,4 фоиз ба 6 фоиз расонида шуда, сатҳи ҷамъоварии маблағ 100 фоизро ташкил дод. Инчунин дар заминаи ба кор даровардани низоми автоматикии баҳисобгирии неруи барқ воҳиди кории 97 нозир ва назоратчиён пурра ихтисор гардида, ҳоло 8 мутахассис таҷҳизоти насбу васлшударо назорат мекунанд.

Ҷамъоварии маблағ тавассути «Низоми ягонаи қабули пардохтҳо»-и «Амонатбонк»

Маблағи неруи барқ тавассути «Низоми ягонаи қабули пардохтҳо»-и Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷамъоварӣ шуда, ба низоми биллингӣ тариқи автоматӣ дар реҷаи мустақим амалӣ гардида, ҷалби нозиру назоратчиён аз байн рафтааст. Ин тамоюл барои бартараф намудани омилҳои пайдоиши талафоти тиҷоратии неруи барқ таъсири мусбат расонид. Муайян намудани сатҳи воқеии талафоти тиҷоратӣ ва техникӣ дар миқёси мамлакат танҳо баъд аз пурра ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирии автоматикии неруи барқ имконпазир мегардад. Ҳоло чунин низом танҳо дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Синои пойтахт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавҷуд мебошад.

Чаро талафоти неруи барқ меафзояд?

Як нуктаро бояд таъкид кард, ки сохтори истифода дар давраи соҳибистиқлолӣ куллан тағйир ёфта, зиёд гардидани истифодаи неруи барқ аз ҷониби муштариёни ба шабакаҳои барқи шиддати паст пайваст (асосан аҳолӣ ва корхонаҳои нави хурди истеҳсолӣ) яке аз сабабҳои афзоиши сатҳи талафоти техникӣ мебошад. Зеро бо кам гардидани ҳаҷми истифодаи неруи барқ аз ҷониби истеъмолкунандагони бузург, ки тавассути хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 220 кВ бо барқ таъмин мешуданд, сатҳи талафоти он нисбатан паст мегардад. Ҳаҷми неруи барқи аз ҷониби ин истифодабарандагон истифоданашуда ба дигар истифодабарандагон тавассути шабакаҳои шиддати миёна ва паст таҳвил дода мешавад. Бинобар ин, сатҳи талафоти неруи барқ аз рӯи сохтори истифодабарандагон ба таври назаррас баланд гардидааст.

Фарсудашавии таҷҳизот ва хатҳои интиқоли барқ-сабаби афзоиши талафоти техникӣ

Ба андешаи мутахассисони соҳаи энергетикаи мамлакат, сабабҳои дигари афзоиши талафоти техникӣ- ин фарсуда гардидани таҷҳизот, хатҳои интиқоли барқи шиддати паст- 0,4-35кВ, аз меъёр зиёд будани дарозии хатҳои интиқоли барқи шиддати паст ва сербор ё баръакс камбор будани истгоҳҳои трасформаторӣ ба шумор мераванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Январь 27, 2025 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ вобаста ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоиш баргузор шуд
«Тоҷик Эйр» бо фаъолгардонии парвозҳо дар хатсайрҳои маҳаллӣ рафтуомади шаҳрвандонро осон мегардонад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ соли 2024 ба аҳолӣ ба маблағи беш аз 245 миллион сомонӣ хизмат расонидааст
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тарбияи солим ягона роҳи пешгирии хурофоту тундгароӣ аст
ЛИМӮ-БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН. Як дарахти лимӯ то 1500 дона мева медиҳад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон 100 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд
ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУД. Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар шаҳри Панҷакент ба маблағи беш аз 2,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон дар рӯзҳои сард зиёновар аст
НОМИ НАКӮ-НИСФИ ҲУСН. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мардуми моро бо ному насаби миллӣ ба оламиён муаррифӣ менамояд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар Раёсати андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо соҳибкорон мулоқот баргузор шуд