РУШДИ НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон таъкид гардид
ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 таъкид шуд, ки ба ҷумҳурии транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имконияти транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди мамлакат пазируфта шудааст. Бинобар ин, Вазорати нақлиёт вазифадор шуд, ки барои татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Воқеан ҳам ин таъкиди Пешвои миллат бамаврид ва масъалаи муҳим дар марҳилаи нави рушди мамлакат мебошад. Зеро дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба сифати яке аз таҳдидҳои асосӣ дар роҳи рушди мамлакат чунин иброз шудааст: «Дурдастии ҷуғрофӣ аз баҳр ва бозорҳои бузурги фурӯш ва рушд наёфтани коммуникатсияи нақлиётӣ дар самти бозорҳо рақобатпазирии иқтисоди миллиро маҳдуд месозад. Ҳоло зарурати воридсозии тағйироти калон дар консепсияи иқтисодии фаъолияти намудҳои нақлиёт дар асоси аломатҳои бозоргонии талаботи пардохтпазир ба миён меояд».
Бартараф намудани ин таҳдид барои истифодаи самараноки имконияти иқтисоди транзитии ҷумҳуриамон шароити мусоид фароҳам меорад. Истифодаи имконияту шароити мавҷудаи таъмини рушди иқтисоди транзитӣ манбаи рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад.
Рушди иқтисодиёти транзитӣ пайваста бо тавсеаи тиҷорати байналмилалӣ, афзудани ҳаракати ҷаҳонии ҳаҷм ва навъҳои молҳои истеъмолӣ, инчунин тақсимоти байналмилалии меҳнат, ҷудошавии ҷуғрофии ҷойҳои истеҳсол ва истеъмоли мол, мавҷудияти воситаҳои нақлиёт, ки имкони фарохи гардиши ҳаҷми калони молҳо ва бастаи ашёи гаронбаҳоро ба масофаҳои дуру дароз рӯи кор меорад, амалӣ мешавад.
Ба рушди иқтисоди транзитӣ ҷойгиршавии ҷуғрофии ҷумҳурӣ дар муҳимтарин роҳҳои тиҷоратӣ ё дар чорроҳаи онҳо, наздикӣ ба «марказҳои рушди ҷаҳонӣ» ва ё «дарвоза»-ҳои минтақаҳои муайяни ҷаҳонӣ таъсир мерасонад. Иқтисоду бозори транзитӣ тавассути Тоҷикистон, ки дар миёнароҳи Роҳи бузурги абрешим қарор дорад, вуҷуд дорад ва ҳаҷми он хеле назаррас аст.
Барои ғанӣ гардонидани сатҳу сифати системаи транзитии мамлакат ва баланд бардоштани самаранокии он соҳаи нақлиёти ҳавоӣ нақши муҳим дорад.
Мувофиқи маълумоти Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), нақлиёти ҳавоӣ ҳоло тақрибан 35 фоиз тиҷорати ҷаҳониро аз рӯи арзиш ташкил медиҳад. Ҳаҷми мусофиркашонии ҷаҳонии авиатсия ҳар сол тақрибан 5-7 фоиз афзоиш меёбад.
Тибқи ҳисобҳои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), ҳар 10 фоиз афзоиши ҳамлу нақли ҳавоӣ ба маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 0,5 банди фоизӣ изофа менамояд. Дар мамлакатҳои Аврупо нақлиёти ҳавоӣ 7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, 5 фоизи шуғлро таъмин мекунад.
Тибқи пешгӯии дарозмуддати навшудаи Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), то соли 2037 шумораи мусофирон дар хизматрасониҳои ҳавоӣ дар ҷаҳон ду баробар афзуда, гардиши солонаи онҳо тақрибан 8,2 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Тамоюли асосии тараққиёти соҳа аз нав тақсим кардани ҳаракати ҳавоӣ ба тарафи шарқ ва ҳаракаткунандаи асосӣ минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором хоҳад буд. Дар айни замон локомотиви ин равандро Чин ташкил медиҳад, ки он Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро аз мақоми бузургтарин истифодабарандаи бозори нақлиёти ҳавоӣ барканор карда истодааст.
Пайваста бо татбиқи стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ нишондиҳандаҳои бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон низ хеле хушбин ба назар мерасанд. Солҳои охир афзоиши интиқоли мусофирони ҳавопаймоҳо мушоҳида мешавад. Соли равон гардиши мусофирон нисбат ба соли гузашта 11,7 фоиз афзуд.
Комплекси авиатсионӣ бо суръати баланди кашонидани мусофиру бор аз дигар намудҳои нақлиёти ҷумҳурӣ фарқ мекард. Зеро хизматрасониҳои он бо равишу арзиши хубу олӣ, риояи шароити обу ҳаво ва инчунин сифату вазни борҳои интиқолшаванда амалӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, соҳаи комплекси нақлиёти ҳавоӣ асосан ба таъмини мусофиркашонии масофаи дур, инчунин ба зудӣ расонидани борҳои хурд ва гаронбаҳо нигаронида шудааст.
Бори аввал экипажҳои ҳавопаймоҳои ҷумҳурӣ дар нахустин даврони соли истиқлолият зери нишони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикистон» 15 майи соли 1992 ба парвоз шуруъ намуданд. Соли 1995-1999 ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, инчунин ба як қатор давлатҳои Аврупо ва мамлакатҳои баҳри Миёназамин хатсайрҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ кушода шуданд. То соли 1999 аз 47 фурудгоҳи ҷумҳурӣ 10-тоаш фаъолият мекард ва парки ҳавопаймою чархболҳо аз 40 воҳиди таҷҳизоти корӣ иборат буд. Ҳамин тариқ, соли 2004 ширкати давлатии авиатсионии «Тоҷикистон» ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикистон» ва соли 2006 ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» табдил дода шуд.
Бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт якчанд корҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи байналмилалӣ ба анҷом расонида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба таври зарурӣ таҳия ва татбиқ карда шуданд. Вобаста ба ин, дар асоси талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) зиёда аз 200 усулу қоидаҳои умумии авиатсияи гражданӣ, дастурамалҳо, низомномаҳо ва дастурҳо ба тавсиб расонида шуда, дар корхонаҳои авиатсионии ҷумҳурӣ мавриди амал қарор доранд. Дар соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ як қатор корҳои назаррас ба итмом расидаанд. Ин таъсиси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алоқаҳои нави ҳавоӣ ва зиёд гардидани хатсайрҳои мунтазам, бо таҷҳизоти муосиргардонидаи аэронавигатсионӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рақамии «СМАРТ–Т», 2 стансияи нави метрологии аэродромӣ, 4 таҷҳизоти самтнамоӣ (радиоплигатор) дар 4 фурудгоҳи байналмилалӣ, муҷаҳҳаз гардонидани ҳафт системаи радиостансияи алоқаи ҳавоӣ (ДМДМ) дар 4 фурудгоҳи байналмилалӣ ва мавзеъҳои ноҳияи Данғара, шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Мурғоб, терминали нави байналмилалӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе (бо иқтидори иҷозат додани 500 нафар дар 1 соат), маркази идораи ҳаракатҳои ҳавоӣ «Мастер», ба масофаи 160 м дароз намудани фурудгоҳи Бохтар, ба истифода додани терминали боркашонӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ба аъзогӣ қабул гардидани ширкатҳои миллӣ дар ташкилоти байналмилалии ИАТА ва бунёди толорҳои (транзитӣ) мусофирқабулкунанда ва гуселкунанда дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ мебошанд.
Аммо дар айни замон имконияти бозори транзитии моро асосан ширкатҳои бузурги ҳавоии хориҷӣ истифода мебаранд. Дар аксар мавридҳо парвозҳои анъанавӣ аз Аврупою Осиё ба Тоҷикистон тавассути ширкатҳои байналмилалӣ амалӣ мешаванд. Дар бозори ҷаҳонии транзитӣ комплекси авиатсионии Тоҷикистон бо рақобати шадид рӯ ба рӯ мешавад. Барои ширкатҳои ҳавопаймоии мо дар ин ҷо бо ширкатҳои боркашонии ҷаҳонӣ, ки навъҳои муосири ҳавопаймоҳоро истифода мебаранд ва барои фурудгоҳҳои мо – бо чунин шабакаҳои тақсимкунандаи парвозии мамлакатҳои Шарқи наздик ( Шарҷа ва Дубай) рақобат кардан душвор аст.
Масалан, таблиғи фурудгоҳҳои байналмилалии мо ҳамчун маркази ҳавоии транзитӣ имрӯз ба таври возеҳ нокифоя мебошад. Онҳо ҳам дар боркашонӣ ва ҳам дар интиқоли мусофирон аз фурудгоҳҳои мамлакатҳои Ховари Миёна қафо мемонанд. Агар дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ҳуқуқҳои дахлдори тиҷоратӣ барои парвоз ба мамлакатҳои хориҷи дур дошта бошанд ҳам, аммо бо сабаби рақобати шадиди бозори байналмиллалии транзит ҷараёни онҳо, бахусус транзит ба самти муқобил хеле маҳдуд мебошад.
Мушкилоти дигари пешбурди ҷараёни транзитӣ аз тариқи Тоҷикистон рушди заифи системаи фурӯши хизматрасониҳои мусофиракашонию боркашонии ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар бозори байналмилалӣ мебошад. Барои бомуваффақият ташкил намудани парвозҳо он бояд тавассути экспедиторҳои маҳаллӣ, брокерҳо, агентиҳои байналмилалӣ ва филиалҳои минтақавии онҳо амалӣ гардад. Ҳоло танҳо як сегменти хурди истеъмолгарони хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ дар бораи интиқолдиҳандагони комплексии авиатсионии мо медонанд. Бозори мутамаддини фаъолияти нақлиёт ва экспедиторӣ дар сатҳи зарурӣ рушд наёфтааст. Тибқи арзёбии аксар иштирокчиёни бозори хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоии боркаш, барои рушди ҷараёни транзитӣ бояд ширкатҳои бузурги байналмилалӣ манфиатдор бошанд. Дохилшавӣ ба бозори хориҷӣ як раванди гаронарзиш буда, ҳалли якчанд масъалаҳои марбут ба ворид намудани тағйирот ба созишномаҳои дахлдори байналмилалию байниҳукуматиро оид ба гирифтани иҷозат барои парвозҳои озоди панҷум ва шашум, инчунин ҳалли мушкилоти барасмиятдарории гумрукии борҳоро тақозо мекунад.
Рушди транзит барои ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат тавассути ташкили шарикии интермодали хабӣ имконпазир аст.
Интиқолдиҳандагони ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ, ки дар ҷойҳои гуногуни як занҷири ягонаи логистикӣ қарор доранд, рақиб нестанд. Бартариҳои татбиқи модели интермодали хабӣ дар паст шудани хароҷот барои логистикаи борҳо, паст шудани муҳлати таҳвил нисбат ба муҳлати таҳвил ба як намуди нақлиёт (автомобилӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан) ва баланд бардоштани рақобатпазирии операторони боркашонии мамлакат дар бозори ҷаҳонии логистика мебошад.
Тибқи ҳисобҳои коршиносони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), афзоиши 10 фоиз самаранокии системаи нақлиётии мамлакат ба афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 0,8 фоиз изофа хоҳад кард. Бо назардошти мавқеи беназири ҷуғрофии ҷумҳуриамон – дар чорроҳаи масирҳои асосии фаромиллии байни Шарқу Ғарб – ҳамлу нақли мусофиркашонии ҳавоӣ барои расидан ба ҳадафҳо мусоидат хоҳад кард. Барои таъмини рушди иқтисоди транзитӣ дар мамлакат таҷдиди инфрасохторӣ мувофиқи фурудгоҳҳо ва барои рушди транзит – ташкили хабҳои байналмилалӣ тақозо мешавад. Коршиносон иброз медоранд, ки мафҳуми хаб на танҳо мавҷудияти инфрасохтори фурудгоҳро дорад, он, пеш аз ҳама, мавҷудияти ширкати ҳавопаймоии заминавӣ ва маҷрои калони интиқоли мусофиронро ифода мекунад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бозингари асосии бозори хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ, пеш аз ҳама, аэрофлот мебошад. Он барои таъмини дастрасии нақлиётии минтақаҳо ва ташаккули ҷараёни ҳатмии парвозҳо барои рушди на танҳо транзити дохилӣ, балки барои транзити фоиданоки байналмилалӣ низ имконияти нав фароҳам меорад. Дар баробари мавқеи мусоиду имкони ҷуғрофии мамлакат дар айни замон зарур аст, ки ба такмилу таҷдиди инфрасохтори фурудгоҳ, рушди парвозҳои транзитӣ ва интиқолдиҳандаҳо таваҷҷуҳ намуд, то ин ки тавонанд ин имконро амалӣ намоянд. Ин ҷо сухан дар бораи як ширкати ҳавопаймоии базавӣ меравад, ки ба истилоҳ интиқолдиҳандаи хабташкилкунанда мебошад. Агар чунин ширкати ҳавопаймоии базавӣ вуҷуд надошта бошад, пас амалӣ кардани иқтидори транзитӣ имконпазир мегардад. Маҳз интиқолдиҳандаи базавӣ имкон медиҳад, ки ҷараёни транзитӣ дар самти дилхоҳ амалӣ шавад ва дар бозори ҷаҳонии транзитӣ ҷойгоҳи муассир пайдо гардад. Фурудгоҳҳои калон метавонанд иқтисоди ҷумҳуриро комилан диверсификатсия кунанд. Намунаи беҳтарин шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аст, ки даромади нафт камтар аз як дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва туризм беш аз 20 дарсадро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, таъсири иқтисодии фурудгоҳ 26,7 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Хизматрасониҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар логистикаи байналмилалӣ дар айни замон соҳаи махсуси ҳаракати бор ва мусофирон дар саросари ҷаҳон мебошад, ки мутобиқи таҳаввулоти логистика, назария ва амалияи он дар фазо ва замон инкишоф ва паҳн мегардад. Нақлиёти ҳавоӣ намуди зудтарини нақлиёт мебошад. Самти асосии истифодаи нақлиёти ҳавоӣ интиқоли мусофирон ба масофаи зиёда аз ҳазор километр мебошад. Ба воситаи ҳаво асосан маҳсулоти тезвайроншаванда ва махсусан борҳои қиматбаҳо, инчунин почта кашонида мешаванд. Одатан, ҳамлу нақли ҳавоӣ як ҳамлу нақли мултимодалӣ мебошад, ки аз интиқоли бор аз ҷониби ирсолкунанда, коркарди терминал дар фурудгоҳи парвоз ва ба фурудгоҳ омадан, барасмиятдарории гумрукӣ, расонидан ба қабулкунанда иборат аст, ки дар ташаккули арзиши нав ва ё иловагӣ иштирок менамояд. Ҳамин тариқ, комлекси нақлиёти ҳавоӣ дар таъмини рушди иқтисодиёти транзитӣ нақши муҳим дорад.
Юсуф РАҲМОН,
ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохтории
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»