СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Хадамоти алоқа дар доираи ин солҳо иҷрои кадом корҳоро ба нақша гирифтааст?
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти алоқа дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 иҷрои кадом корҳоро ба нақша гирифтааст?
Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ чунин ҷавоб дод: «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 тақозои замон аст. Ҳамаи мо дарк мекунем, ки бе рушди соҳаи алоқа, инноватсия ва иқтисоди рақамӣ таъмини фаъолияти ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ғайриимкон аст. Вобаста ба он дар хадамот нақшаи корӣ таҳия гардида, баҳри амалигардонии он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мо барои татбиқи самараноки нақшаи кори Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ин солҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебарем»,-иброз дошт Исфандиёри Саъдулло.
Ҳамчунин сардори хадамот гуфт, ки «дар назди хадамот вобаста ба гузариш ба ҳукумати электронӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд, ки дар доираи ин панҷсола анҷом дода мешаванд. Дар заминаи гузариш ба ҳукумати электронӣ дар сомонаи хадамот портали электронии қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон ташкил карда мешавад».
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Дар ин раванд яке аз ҳадафҳои асосӣ амалӣ намудани шаклҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкории онлайнӣ ва хизматрасонии интернетӣ мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






