Соли 2024 дар вилояти Хатлон 155 иншоот ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар вилояти Хатлон 155 иншоот ба истифода дода шуд, ки 58 адади он аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Дар ин хусус 17 январи соли равон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Ҳамчунин ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1663 иншоот сохта шудааст, ки 134,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2939,6 километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, 287,7 километр роҳҳо мумфарш, 423,8 километр сангфарш, 2228,1 километр таъмири ҷорӣ ва 170 пулу қубурҳо ба маблағи умумии 254 миллион сомонӣ таъмир гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 62,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин ташаббусҳо саҳми соҳибкорон назарас мебошад.
Дар вилояти Хатлон соҳибкорӣ рушд ёфта, ба ҳолати 1 январи соли 2025 8948 нафар соҳибкорон тибқи патент, 7512 нафар бо шаҳодатнома, 17 787 нафар бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 71 792 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва 9082 нафар шахсони ҳуқуқӣ сабт шудаанд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд






