Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавад

Январь 6, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Express International» пайванди ҳамгирокунандаи низомҳои автоматикунонидаи идоракунии мусофиркашонӣ байни маъмурияти роҳи оҳан ва як навъ низоми ёрирасон буда, имкон медиҳад, ки  маълумот аз рӯи истгоҳҳо, ҷадвали қатораҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг шуда, маълумоти ҷамъбастӣ аз рӯи бахшҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла омор, таҳлил, ҳисобҳои мутақобили молиявӣ ба даст оварда шавад.

Пайвастшавӣ ба «Express International» ба ҳама низомҳои захиракунии иттилоот имкон медиҳад, ки барои гирифтани маълумот дар бораи қатораи муайян ба кадом роҳи оҳан муроҷиат кунанд, кадом имконоти роҳкиро мавҷуданд ва барои корбар маблағи ниҳоии пардохти роҳкиро чӣ гуна хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи 81-уми Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи ноябри соли 2024 дар Тошканд баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фазои ягонаи иттилоотии ҳамлу нақли байналмилалии мусофиркашонии роҳи оҳан ба имзо расид. Ба он маъмурияти роҳи оҳани Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Гурҷистон ҳамроҳ шуданд.

Рушди фазои ягонаи иттилоотии мусофиркашонӣ ба алоқаи нақлиётии кишварҳои Иттиҳод, рушди иқтисодӣ ва ҷалби сайёҳон таъсири мусбат мерасонад. Дар амал он самти алоҳидаро барои рушди равандҳои технологӣ дар бахши мусофирбарӣ барои ҳар маъмурияти роҳи оҳан муайян мекунад. Ёддошти тафоҳуми имзошуда барои пайвастани дигар маъмурияти роҳи оҳан, ки дар кори Шурои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод иштирок мекунанд, хизмат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 6, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад