«Сомон Эйр» барои харидории ду ҳавопаймои Boeing 737-8 бо ширкати «DAE Capital» -и Амрико созишнома ба имзо расонд

Январь 31, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ширкати лизингии «DAE Capital» –и Амрико барои харидории ду ҳавопаймои нави Boeing 737-8 қарордод ба тасвиб расонид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».

Ҳавопаймоҳои Boeing 737-8 соли 2026 парки ширкати ҳавопаймоиро ғанӣ гардонида, мавқеи «Сомон Эйр»-ро ҳамчун интиқолдиҳандаи пешбари Тоҷикистон тақвият мебахшанд. Созишномаи хариди ду ҳавопайморо дар Душанбе Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев ва Президенти ширкати лизингии «DAE Capital»-и Амркио Дэвид Ҳулиҳан ба имзо расониданд. Маросими тасвиби созишнома дар саридораи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» баргузор шуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон сол то сол рушд мекунад. Имзои ин созишнома яке аз ҳадафҳои стратегияи дарозмуддат оид ба навсозии парки ҳавопаймоӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мебошад. Ҳавопаймоҳои Boeing 737-8 бо самаранокии баланди сӯзишворӣ, зиёдшавии давомнокии парвоз ва хусусияти беҳтаршудаи амалиётӣ фарқ мекунанд. Ин ба ширкати ҳавопаймоӣ имкони мукаммалсозии сатҳи бароҳатӣ ва бехатарии парвозҳоро фароҳам меорад.

Ҳавопаймоҳои нави Boeing 737-8 сабаби тавсеаи шабакаи парвозҳои ширкат, баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ, зиёдшавии зичии парвозҳо ва пешниҳоди шароити замонавию бароҳат барои мусофирон мегарданд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 муваффақона фаъолият намуда, аъзои Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шуда, дар айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

“DAE Capital” яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ дар соҳаи авиатсия буда, ширкатҳои ҳавопаймоии саросари ҷаҳонро бо ҳавопаймоҳои муосир ва самаранок таъмин менамояд.

АКС: «Сомон Эйр»

 

Январь 31, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид
Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
КИШТИ БАҲОРӢ. Ҳайати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо омодагии деҳқонони шаҳри Ҳисор шинос шуд
Соли 2025 дар ноҳияи Спитамен дар 6500 гектар пунбадона кишт карда мешавад
Дар Тоҷикистон сохтмони панҷ маркази логистикӣ оғоз меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон сохтмони 29 026 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Соли 2024 дар вилояти Суғд 166 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият оғоз намуд
Дар Душанбе лоиҳаҳои миёнамуҳлати муштарак барои солҳои 2025 – 2026 баррасӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба 57 мамлакати хориҷаи дуру наздик молу маҳсулот содирот шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 30 намоишгоҳи байналмилалӣ дар 9 давлати дунё иштирок намуданд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» қадрдонӣ шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ қарзҳои имтиёзнок — «Кишоварз», «Автоқарз», «Занҳои муваффақ» ва «Қарзҳои ипотекӣ»-ро пешниҳод кард