ТАРМАФАРОӢ. Барои пешгирии ин офати табиӣ кадом корҳоро бояд анҷом дод?

Январь 13, 2025 16:26

ДУШАНБЕ, 13.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Фаромадани тарма раванде аст, ки аз ҷамъ шудани миқдори зиёди барф оғоз меёбад. Тармафароӣ бештар дар фасли зимистон-дар  моҳҳои декабр – феврал ва аввали баҳор- моҳҳои март–апрел рух медиҳад. Зеро дар ин моҳҳо бориши барф зиёд ва шароити тағйирёбии ногаҳонии ҳаво ё яхбандии шадид бештар мешавад, ки ин омилҳо ба вайрон гардидани мувозинати қабати барф ва фаромадани тармаҳо мусоидат мекунанд. Ин ҳодиса ба таври ногаҳонӣ рух медиҳад- анбӯҳе аз барф аз теппаҳо ё кӯҳҳо канда шуда, бо суръати баланд ба нишебӣ ҳаракат мекунад ва дар сари роҳаш ҳар чизе аз сангу хоку дарахт, ҳайвоноту инсон мавҷуд бошад, бо худ мебарад. Ин матлабро муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Камолиддин Назирзода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Камолиддин Назирзода гуфт, ки барои пешгирии офатҳои табиӣ дар шоҳроҳҳои минтақаҳои тармафаро зиёд намудани иншооти зиддитармавӣ, аз ҷумла: нақбҳо, долонҳои зиддитармавӣ  ва дар нишебиҳои тармафаро шинонидани дарахтҳое, ки метавонанд фаромадани тармаро боз доранд, ба манфиати кор аст. Инчунин ташкили стансияҳои назоратӣ ва дар ҳолати омодабош қарор додани гурӯҳҳои тахлиякунонӣ дар минтақаҳои аҳолинишине, ки зери хавфи фаромадани тарма қарор доранд, метавонанд ин ҳодисаи нохушро пешгирӣ кунанд.

Ба маълумоти мутахассисон, тарма яке аз офатҳои табиии маъмул дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба ҳаёт ва моликияти мардум зарари ҷиддӣ расонад. Моро зарур аст, ки пеш аз сафар дар роҳҳои кӯҳии мамлакат аз маълумот вобаста ба вазъи ҳаво ва пешгӯии сар задани ҳолатҳои тармафароӣ, ки аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ мунтазам пешниҳод мешаванд, огоҳ шавем.

Ҳангоми бориши барфи зиёд (яъне агар зиёда аз 7 сантиметр барфи тар бошад) сар задани тармафароӣ эҳтимол дорад. Агар баландии барф дар кӯҳҳо ва нишебиҳо то 20 сантиметр шавад,  хавфи фаромадани тарма ба вуҷуд  меояд.

Дар Тоҷикистон тарма асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ба амал меояд. иМавзеъҳои асосии тармафароӣ минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мебошанд. Ин минтақа дорои кӯҳҳои баланд ва нишебиҳои барфпӯш буда, дар он шоҳроҳҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ  мавҷуд ҳастанд.

Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, бахусус дар ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва қисмати болоии Мастчоҳи Кӯҳӣ низ хатари зиёди тармафароӣ мушоҳида мешавад. Ҳамзамон минтақаҳои кӯҳистонии ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла дараи Ромит, Файзобод ва Варзоб (шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок), инчунин минтақаи баландкӯҳи Сангвор дорои хатари фаромадани тарма мебошанд. Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон, махсусан ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин тармафароӣ хеле кам дида мешавад.

Дар ҷумҳурӣ давоми панҷ соли охир яке аз калонтарин ва харобиовартарин тарма 15 феврали соли 2023 дар маҳаллаи Шошхоруғи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух дод. Дар ин мавзеъ тарма бо ҳаҷми 1,6 миллион метри мукааб  фаромад, ки мутаассифона, хисороти ҷонию молӣ ва иқтисодӣ расонид.

Дар Тоҷикистон калонтарин ва харобиовартарин тарма  соли 1989 дар минтақаи Варзоб ба амал омадааст.

 АКС аз муаллиф ва манбаъҳои боз

Январь 13, 2025 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд