«Тоҷикаэронавигатсия» соли 2024 ба 71 ҳазору 459 техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст

Январь 30, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2024 ба 71 ҳазору 459 техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба соли 2023 19 ҳазору 929 ё 37,8 фоиз зиёд мебошад,-гуфта шуд 29 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Омили асосии афзоиши парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон дар соли 2024-ро директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ба барқарор гардидани парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва зиёд гардидани ҷуғрофияи парвозҳо, инчунин аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷию ватанӣ афзун гардидани шумораи бештари парвозҳои транзитӣ рабт дод.

Дар ин давра 48 ҳазору 562 парвози транзитӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба соли 2023 22 ҳазору 591 адад ё 87 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлилҳо бозгӯи он мебошанд, ки сабаби асосии афзоиши даромаднокӣ дар марҳилаи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 иҷрои бештари парвозҳои транзитӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, кушода шудани хатҳои нави ҳавоӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Январь 30, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд