Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 январ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштирок ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ табодул карда шуд.
Ёддошти тафоҳум дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи ин санадҳои ҳамкории дуҷониба мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ иттилоъ доданд, Ёддошти тафоҳум дар асоси манфиатҳои муштарак бо мақсади ҳалли мушкилоти умумӣ ва имконияти таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи солимии ҳайвонот ва илмҳои байторӣ таҳия шудааст. Тавассути муттаҳид намудани талошҳо ҷонибҳо барои ҳалли мушкилоти муштарак, аз ҷумла пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои чорво, бемориҳои зоонозӣ, беҳтар намудани хизматрасонии байторию тақвияти муносибатҳои савдои байниҳамдигарӣ ва муътадил нигоҳ доштани вазъи эпизоотӣ ба тавофуқ мерасанд.
Дар доираи санад мақомоти байтории давлатҳо корҳои муштаракро барои мубодилаи дониш, сари вақт огоҳ намудани ҷонибҳо оид ба ҳолатҳои пайдоиши бемориҳои фаромарзӣ, такмили иқтидор ва рушди захираҳои инсонӣ ба анҷом расонида, ба самтҳои назорат аз бемориҳои махсусан хатарнок, маъракаҳои эмгузаронӣ ва ташхиси лабораторӣ ташвиқ мекунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд






