35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони иншооти гуногун идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои сохтмонии фермаи парвариши парранда ва иншооти варзишӣ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар деҳаи ба номи Нусратулло Махсуми Ҷамоати деҳоти Вахшони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар масоҳати 960 метри мураббаъ сохтмони фермаи парвариши парранда барои 10 ҳазор сар мурғ ба анҷом расонида шуд. Инчунин дар ин иншоот корҳои шинонидани ниҳолони дарахтони сояафкан ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани муҳити атроф дар доираи нақша идома доранд.
Ҳамчунин дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ғунҷоиши 10 ҳазор ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Дар ноҳия барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ гармхонаҳо фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии «Яхакпаст» 52 адад гармхонаҳои мавҷуд аст. Ҳар гармхона 7 метр паҳноӣ ва 40 метр дарозӣ дошта, дар онҳо қулфинай парвариш карда мешавад. Айни замон деҳқонон ҳосили қулфинайро ба бозор баровардаанд.
Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар Ҷамоати деҳоти Якатут 300 бех дарахти сояафкану ороишӣ ва 200 бех ниҳоли тут шинонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то имрӯз беш аз 500 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан шинонида шудааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






