35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар се деҳаи дурдасти шаҳри Роғун кӯдакистон бунёд мегардад

Февраль 11, 2025 10:44

РОҒУН, 11.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати бунёди муассисаҳои томактабӣ,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бунёди се кӯдакистонро дар  деҳаҳои Қандак, Ҷавонӣ ва Чормағз ба нақша гирифтааст. Биноҳои мазкур    дар арафаи  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳамчунин соли 2024 дар деҳаи Қалъаи Нав  як кӯдакистони замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода иттилоъ дод.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун  «Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат аз 110 банд таҳия ва тасдиқ шудааст. Аз ин шумора то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  38 иншоот дар маркази шаҳри Роғун ва кӯчаи 25-солагии Истиқлолият,  14 иншоот дар шаҳраки Оби Гарм, 43 иншоот  дар Ҷамоати деҳоти Қади Об ва 10 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ бунёд мегардад. То имрӯз 49 иншооти гуногун ба маблағи 383, 4 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва сохтмони иншооти дигар идома дорад.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025» 88 лоиҳаро дар бар мегирад, ки маблағи амалишавии ин лоиҳаҳо 204,8 миллион сомонӣ мебошад. Ба ҳолати якуми январи соли 2025 дар шаҳри Роғун аз 88 лоиҳа 45 лоиҳа мавриди иҷро қарор дода шуд.  Бо амалӣ намудани 45 лоиҳа дар шаҳри Роғун  85,6 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2025 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ