Агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон ва Чин ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид мешаванд

Февраль 7, 2025 13:07

ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вохурии Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода бо директори шуъбаи Осиёи Марказии Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Джао Юй доир гардид.

Таъкид карда шуд, ки вохӯрӣ ба робитаҳои минбаъдаи ду агентӣ такони нав бахшида, ҳамкориҳоро дар бахши табодули иттилоот, хусусан дар самти муаррифии дастовардҳои назарраси Тоҷикистону Чин дар арсаи байналмилалӣ дар партави муносибатҳои неку анъанавии роҳбарони ду кишвари дӯсту ҳамсояи боэътимод фаъолтар мегардонад.

Ба таъкиди мусоҳибон Тоҷикистон бо Чин дар сатҳи шарикони стратегӣ робитаҳои хуби дӯстона доранд ва ҳамкории байни агентиҳои иттилоотии давлатиро имзои ёддошти ҳамкорӣ дар соли 2017 асос гузоштааст.

Мусоҳибон ҷиҳати тақвияти ҳамкории соҳавӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» низ изҳори омодагию ҳавасмандӣ намуданд.

Намояндагони ҳайати Чин иброз доштанд, ки баъди шиносоӣ дар муддати кӯтоҳ шаҳри Душанберо ниҳоят ободу зебо диданд.«Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо суръат рушд карда, намои муосиру беҳамто касб намудааст. Душанбе бо шаҳрҳои зиёди ҷаҳон, аз ҷумла шаҳрҳои Урумчӣ, Сямэн, Тсиндао ва Ҳайнани Чин муносибати бародарӣ дорад, ки ин ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд»,-баён доштанд меҳмонон.

Февраль 7, 2025 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд