Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб густариши сармоягузории навро баррасӣ намуд

Февраль 3, 2025 16:46

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кувайт вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва густариши сармоягузории навро муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Завқӣ Завқизода ба роҳбарияти фонд барои дастгирии пайваста ва саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори мамлакат изҳори сипос намуда, махсусан барои маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар тақвияти амнияти энергетикии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад, миннатдорӣ баён кард.

Иброз гардид, ки то имрӯз Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб барои маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва инфрасохтори Тоҷикистон тахминан 200 миллион доллар ҷудо намудааст.

Дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб изҳори омодагӣ кард, ки ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат маблағгузорӣ менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 3, 2025 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид