Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба таъмини Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 750 соҳибкор бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешаванд. Соли 2024 дар вилоят 144 соҳибкори шаҳри Хоруғ барои фаъолият бо чунин дастгоҳ таъмин шуданд. Дар ин хусус 20 феврал зимни баргузории машваратӣ омӯзишӣ дар шаҳри Хоруғ иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои зиёд кардани миқдори таҷҳизоти электронӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон то 1 феврал дар вилоят 397 постерминал насб гардид, ки нисбат ба меъёри муқарраргардида 2,7 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар вилоят 458 QR — рамзи ягона дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб гардид, ки ин нишондиҳанда аз меъёри муқарраргардида 3,3 маротиба зиёд мебошад.
То 1 феврали имсол аз ҷониби низоми бонкӣ дар вилоят 141 ҳазору 419 корт ба муомилот бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17 фоиз зиёд мебошад. Дорандагони кортҳои пардохтӣ 102 ҳазору 932 нафарро ташкил медиҳанд, ки 62 фоизи аҳолии калонсоли вилоятро дар бар мегирад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






